Генерал Назарзода телефони боварӣ ва Facebook-у Instagram ташкил кард

Бо мақсади таҳкими ҳамкории милитсия бо ҷомеа, пешгирӣ аз ҳама гуна кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, ҷинояту ҳуқуқвайронкунӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон дар Раёсат «Телефони боварӣ»-и сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон таҳти рақами (83522) 2-02-02 таъсис дода шуд.

Милитсияи Бадахшон мегӯяд, телефони боварии генерал Шариф Назарзода бидуни танаффус, ба таври шабонарӯзӣ фаъол буда, ҳар нафар метавонад дар бораи кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, ҷинояткориву қонуншиканиҳо, таҳкими ҳамкории милитсия бо аҳолӣ таклифу пешниҳодот ва арзу шикоят пешниҳод намояд.

Милитсияи Бадахшон ҳамчунин саҳифаҳои худро дар шабакаҳои Фейсбук ва Инстаграм таъсис дода, эълон кард, ки генерал Шариф Назарзода ҳар рӯзи шанбе худаш шахсан шаҳрвандонро ба ҳузур пазируфта, ба арзу шикоятҳои онҳо гӯш хоҳад дод.

Ёровар мешавем, ки Шариф Назарзода дар поёни моҳи феврал сардори РВКД ВМКБ таъйин шуд. Ӯ қаблан раҳбарии милитсияи шаҳри Душанберо бар ӯҳда дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *