Генерал Назарзода: Вазифаи милитсия маҳбасӣ кардан не, пешгирии ҷинояткорӣ аст (аудио)

Дар идомаи силсиламулоқотҳои роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии вилоят бо сокинони маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ ин маротиба сардори Раёсати ВКД дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон ба маҳаллаи Сайфулло Абдуллоев ташриф оварда, бо сокинони маҳаллаи мазкур вохӯрӣ ва мулоқоти озоду ошкоро доир намудааст.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, дар оғози мулоқот сардори мақомоти милитсияи вилоят генерал-лейтенанти милитсия Шариф Назарзода доир ба ҳадафҳои асосии мулоқот, аз ҷумла, рушди муносибатҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ байни милитсия ва аҳолӣ, бартараф намудани муаммову проблемаҳои пайдошаванда, махсусан дар масъалаҳои шаҳрдорӣ бо ҳамкории дуҷонибаи аҳолӣ ва милитсия, саҳмгузор гардидани милитсия дар якҷоягӣ бо дигар институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим суханронӣ намудаааст.

Шариф Назарзода аз ҷумла зикр намудааст, ки “вазифаи милитсия танҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб намудани содиркунандагони он набуда, балки тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи милитсия” вазифаи аввалиндараҷаи мақомоти милитсия ин аст, ки ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳоро пешгирӣ намояд, сабабу  шароитҳоеро, ки ба содир кардани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат мекунанд, ошкор намуда, барои рафъи онҳо тадбирҳо андешад, бо ҳуқуқвайронкунандагон ба таври инфиродӣ корҳои пешгирикунандаро анҷом диҳад, дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон иштирок намояд”.

Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *