Генерал Шералӣ Мирзо мавлуд дорад. Ӯ 55-сола шуд
Имрӯз, 24-уми май Шералӣ Мирзо, генерал полковник, вазири мудофиаи Тоҷикистон мавлуд дорад. Ӯ 55-сола шуд.
Номбурда 24-уми майи соли 1967 дар деҳаи Гулободи ноҳияи Ҳамадонӣ ба дунё омадааст. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи олии ҳарбии Перм буда, аз соли 1994 дар неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.
Солҳои 1995-1997 дар мақоми фармондеҳи бригадаи пиёданизоми неруҳои хушкигарди Тоҷикистон, солҳои 1997-2002 фармондеҳи бригадаи зудамали неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, солҳои 2002-2004 шунавандаи Академияи низомии ба номи Фрунзе, солҳои 2005-2006 муовини вазири дифои Тоҷикистон — фармондеҳи неруҳои хушкигарди кишвар будааст. Дар таърихи 5-уми декабри соли 2006 муовини аввали раиси КДАМ ва фармондеҳи неруҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таъин шуд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми ноябри соли 2013 вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ