Генерал, шумо гундсолор мешавед! Оё зарур аст, ки номи рутбаҳо иваз карда шаванд?

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳи тоҷикии рутбаҳои низомӣ дар артиш ё Қувваҳои Мусаллаҳро ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардааст. Бори нахуст гузинаи тоҷикии рутбаҳои низомиро чанд сол пеш донишманди тоҷик, Умед Ҷайҳонӣ коркард ва ба баррасии мақомот ва донишмандон пешниҳод карда буд.

Ба гуфтаи масъулони Кумитаи забон, то кунун мавқеи Ҳукумат дар баробари ин пешниҳоди онҳо маълум нест, аммо раиси кумита Олимҷон Муҳаммадҷонзода мегӯяд, ки ин тарҳ аз сӯйи як гурӯҳи босалоҳият тӯли ду сол омода шудааст.

Мавқеи Вазорати мудофиаи кишвар то ҳанӯз равшан нест, вале  Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, феълан зарурате намебинад, ки рутбаҳои низомӣ дигар карда шаванд. 

Баъд аз он ки рутбаҳои низомӣ дар расонаҳо паҳн шуд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарусадои зиёдеро ба бор овард. Бештари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ зидди тоҷикӣ шудани рутбаҳои низомӣ ҳастанд. Чанд нуктаи назарро аз Фейсбук пешкаши шумо мекунем.

Шамшод Музафарзод:

-Аз ҳамон раддабону ходабону найзабону таҳмбон, ки Кумитаи забон пешниҳод кардааст, ҳамон номҳои русӣ беҳтар аст. Ҳазор сол бе ҳамин кумита халқи тоҷик шеъру сухан гуфту навишт ва имрӯз ду-се забоншиноси навпайдо як калимаҳоеро фикр карда мебароранд, ки бо шуниданашон сарро дарду дилро ғам мегирад. Солҳо боз масъалаи “ӯ” матраҳ буд, ки то ҳол ҳалношуда боқӣ мондааст ва инак, боз масъалаи дастёру салладору каллаор ( баъзеи рутбаҳои таҷрумашуда ҳамин оҳангро доранд).  “Шоҳнома”-ро хонед на даставар ҳасту на раддаёру на садавар. 

Анушервон Амиров:

-Зарурати иваз намудани ин номҳо ва ин рутбаҳо дар чист?

Мардум ба ин рутбахо аллакай одат кардаанд. Иваз кардани ин рутбаҳо фақат як хароҷоти беҳудаи маблағи давлат аст.

Аслиддин Имомзода:

-Пешниҳоди олӣ. Ба забони тоҷикӣ мувофиқанд. Агар қабул шаванд, дар кӯтоҳтарин фурсат ҳама одат мекунанд. Дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ барои аксарият вожаю истилоҳоти айни замон маҳбубиятпайдокардаи истиқлол, ҷумҳурӣ, иқтисод, фарҳанг, ваҳдат, миллат, озодӣ дағал ва нафратовар буд

Шодӣ Худоёров:

-Хафа нашавед дӯстон, ҳозир вақти ин корҳо нест. Артишро мустаҳакам карда, бо яроқҳои ҳозиразамон таъмин кардан даркор. Тамоми яроқу аслиҳа русию мо сарҳангу ким-чӣ гуфта гаштем.

Шаҳбоз Бозоров:

-Фикр мекунам, ин кор лозим нест, ки номҳои рутбаҳоро иваз кард, зеро генерал қариб дар ҳама забонҳо генерал аст.

Меҳроб Файзмеҳр:

-Агар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боифтихор имсол 30 -солагии ҷашни Истиқлолияти давлатиро таҷлил мекунад. хуб мебуд, агар ин пешниҳод қабул шавад

Сунатулло РаҲматов:

-Биёед ба ҳамун сарҳангу наҳангу ким — чии дигар сари мардумро гаранг накунед, аз ин беҳтар, ягон пешниҳод барои пешрафти иқтисоду пешрафти зиндагии мардум фикр мекардед, авлотар мебуд….

  Зулфиқор    Солеҳ:

-Фарҳанг дар ҷои худаш, иқтисод дар ҷои худаш, истилоҳ бояд дар ҷои худаш бошад. Кумитаи истилоҳот хидмати арзандаеро ба ҷо овардаанд, барояшон бояд сипос хонд.

Агар ин истилоҳҳои ҳарбӣ комилан қабул гардад, беҳтарин мебуд. Бениҳоят шево, равон ва гувороянд, ин калимот. Достонҳои таьрихиро ба ёд меоранд.

Холмирзо Давлатов:

-Ба фикри ман, номгӯйи рутбаҳои низомӣ бояд ҳамин гуна, ки ҳастанд, яъне байналмилалӣ пойдор бимонанд, чунки истифодаи ин мафҳумҳо сирф ҳирфаӣ, яъне касбӣ мебошанд…

    Лутфулло    Латипов:

-То ин калимаҳоро аз худ мекунем, ки боз 30 соли дигар мегузарад…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *