Генерал Сидоров : Сарҳади Афғонистону Тоҷикистон пурра дар дасти Толибон

Генерал-полковник Анатолий Сидоров, сардори ситоди муштараки СААД дар мусоҳиба бо RT гуфт, ки «Толибон» тақрибан 100% марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳти назорат доранд.

«Як моҳ пеш намояндагони Толибон ба кашидани қисматҳои марзи давлатӣ аз Афғонистон шурӯъ карданд. То аввали моҳи июл онҳо аллакай 700 километрро таҳти назорати худ гирифтанд. То замони расидани мо ба Тоҷикистон тақрибан тамоми марзи давлатӣ аллакай таҳти назорат гирифта шуд, ин қитъа бо Ҷумҳурии Тоҷикистон — 1344 км «, — гуфтанд низомиён.

Чунин хулосаҳо аз ҷониби гурӯҳи фаврӣ пас аз омӯхтани вазъи марзӣ бароварда шуданд. Намояндагони СААД омодагии низомиёни тоҷикро баҳои баланд дода, ба хулосае омаданд, ки зарурати ҷалби нерӯҳои дастаҷамъӣ барои ҳифзи марз вуҷуд надорад.

Аммо, дар ҳолати зарурӣ, бо қарори сарони давлатҳои Шӯрои Амнияти Дастаҷамъӣ тамоми ҷузъи қудрати СААД барои расонидани кӯмак ба Тоҷикистон дар сурати ноустувории шадид дар марз истифода мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *