«Генерали мардумӣ” ба куҷо ғайб зад?
Эшони Саид Қиёмиддини Ғозӣ, як рӯҳонии маъруфи солҳои 90-ро шаби 20 ноябр аз шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба Хуҷанд ихроҷ кардаанд. Вале фарзандонаш вақте ба фурудгоҳ рафтанд, ӯро наёфтанд. Ба онҳо гуфтаанд, ки вазъи саломатии Эшони Қиёмиддин дар ҳавопаймо бад шуд ва ӯро гӯё бо мошини «Ёрии таъҷилӣ” аз фурудгоҳ рост ба бемористон бурдаанд. Аммо дар ягон бемористон то ҳол дараке аз вай пайдо накардаанд.
Муллораҷаб ЮСУФӢ
Хонаводаи Саид Қиёмиддини Ғозӣ (Қиёмиддин Ғозиев) мегӯянд, ки ин рӯҳонии маъруф дар солҳои 90-ум ду рӯз пеш ҳангоми сафараш ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия бедарак шуд ва аз сарнавишташ нигаронанд.Раҷабгул Мусулмонова, ҳамсари Саидқиёмиддини Ғозӣ, рӯзи 22-юми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бори охир шаби душанбеи гузашта бо ӯ тамос доштанд.
«Гуфтааст, ки ба Тоҷикистон ихроҷ карданд”
Қаблан як пойгоҳи мухолифини тоҷик дар хориҷ навишт, ки Саидқиёмиддини Ғозӣ дар Русиябоздошт ва ба Тоҷикистон истирдод гардидааст. Аммо то ба ҳол мақомоти Тоҷикистон дар ин бораҳарфе нагуфта, хабарро тасдиқ ё рад накардаанд.
Раҷабгул Мусулмонова, ҳамсари Саидқиёмиддини Ғозӣ гуфт, ҳамсараш бори охир шаби 20 ба 21-уминоябр тахминан соатҳои 12-и шаб ба вақти Санкт-Петербург аз фурудгоҳ ба писараш Баракатуллоҳ, ки дар Русия зиндагӣ мекунад, занг задааст. Ӯ гуфт, «маро ба Тоҷикистон ихроҷ карданд.”
Аз ин сӯҳбати кӯтоҳи падару писар онҳо фаҳмидаанд, ки ӯро ба Хуҷанд мебаранд ва вақте ба умедипешвози ӯ ба фурудгоҳ рафтаанд, ҳамаи мусофирон берун шуда, вале Саидқиёмиддин Ғозиронадидаанд. «Фарзандонам рӯзи 21-уми ноябр ба истиқболаш ба фурудгоҳи Хуҷандрафтанд, аммо аз ӯ ҳеҷ дараке нашуд. Аз он замон то кунун дар бораи маҳаллибудубошаш ҳеч хабаре надорем”, — афзуд ӯ.
Тибқи иттилое, ки фарзандон дар фурудгоҳи Хуҷанд дарёфтаанд, вазъи саломати Қиёмиддин Ғозиевдар ҳавопаймо бад шуда, ӯро аз фурудгоҳ тавассути мошини «Ёрии таъҷилӣ” ба назди пизишкбурдаанд.
Ба гуфтаи Мусулмонова, шавҳараш дар шаҳри Санкт-Петербург ҳамроҳ бо фарзандон қаҳвахона дошт ва онҷо кор мекард. «Бори охир 1,5 сол пеш дар Тоҷикистон буд ва баъд аз ин дарРусия кор мекард. Ду рӯз пеш аз иди Рамазони имсола фишорашон баланд шуда, афтиданд. Пояшон шикаст. 40 рӯз дар Русия табобат гирифтанд, аммо он фоида накард ва дар охир маҷбур шуданд, барои табобат ба Эрон раванд. Аз моҳи сентябр то ноябрдар Эрон табобат гирифтанд ва аз он ҷо дубора ба Русия баргаштанд”, — мегӯяд РаҷабгулМусалмонова.
Ҳамсари Қиёмиддин Ғозиев, ки аз эҳтимоли боздошт шудани ҳамсараш дар ҳайрат ва ташвиш аст, мегӯяд, ҳеҷ аломати онро надорад, ки ҳамсараш ҷустуҷӯ мешуд. «Кадом гуноҳе накарда буд вамавриди шубҳа қарор надошт. Боре ҳам ба хонаи мо ҳеч намояндаи мақомот сарназадааст”, — гуфт ӯ.
«Тақдири норӯшани «генерали мардумӣ»
Мусалмонова мегӯяд, ҳоло ӯ ва фарзандонаш танҳо як хоҳиш доранд, ки дар куҷо будани шавҳарашва дар кадом вазъ будани ӯро бифаҳманд. Раҷабгул Мусулмонова ба саволи Радиои Озодӣ дар бораиҳадафҳои сафари ҳамсараш ба Эрон гуфт, «танҳо барои табобати худ ва фарзандаш рафта буд ва аслан онҷо зиндагии доимӣ надошт.”
Хабари боздошт ва гӯё истирдоди Қиёмиддин Ғозиев 21-уми ноябр дар сомонаи марбут бамухолифин дар хориҷ аз Тоҷикистон нашр шуд. Тибқи иттилои вебсайти «Паём”, Қиёмиддин Ғозиевзамоне ки тариқи Истанбул аз Эрон ба Русия бармегашт, аз ҷониби неруҳои амниятии Русия даршаҳри Санкт-Петербург боздошт шуда, ба Тоҷикистон истирдод шудааст. Мақомоти Тоҷикистон тоҳол қазияро шарҳ намедиҳанд ва маълум нест, ки то куҷо Қиёмиддин Ғозиев мавриди шубҳаимақомоти интизомии Тоҷикистон қарор дорад.
Қиёмиддин Ғозиев ё Эшони Саид Қиёмиддини Ғозӣ аз руҳониёни шинохтаи солҳои 90-ум ва яке азиштирокдорони фаъоли майдони «Шаҳидон” дар Душанбе буд. Дар қатори чанд иштирокдоримайдони «Шаҳидон” ба ӯ унвони «генерали мардумӣ”-ро дода буданд.
Солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба Афғонистон гуреза шуда, дар ҳайати Иттиҳоди нерӯҳоимухолифини тоҷик фаъолият кард. Бо имзои Созишномаи сулҳ Қиёмиддин Ғозиев ба ватанбаргашта, узви зеркомиссияи ҳуқуқии Комиссияи Оштии Миллӣ буд. То қатъи фаъолияти Комиссияиоштии миллӣ дар ин вазифа кор кард ва барои хидматаш дар татбиқи созишномаи сулҳ аз ҲукуматиТоҷикистон бо ордени «Шараф” қадрдонӣ шудааст.
Бознашр аз «Озодӣ»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ