Генерали табаддулотчӣ дастгир шуд

Сарфармондеҳи қувваҳои ҳавоии Туркия генерал Оқин Озтурк бо гуноҳи сарварии шуриши ҳафтаи гузаштаи ҳарбиён дар ин кишвар дастгир карда шуд.

Ӯ иқрор гардид, ки ин корро ӯ ташкил кардааст. Тавре ки агентии хабарии   Anadolu хабар медиҳад, бо гуноҳи ширкат дар  кушиши табаддулоти ҳарбӣ боз 112 генерал ва адмирал, инчунин афсарони сатҳи поёнӣ дастгир шудаанд. Дар маҷмӯъ, ҳукуматдорони турк зиёда аз 8 ҳазор нафарро бо гумони ҳамкорӣ ва ширкат дар табаддулот дастгир намудаанд. Аз ҷумлаи генералҳо 50 нафарашон  дар маҳбас қарор дошта, боқимондагон интизори тақдири худ мебошанд. Дар вақти амалиёти безараргардонии шӯришчиён қариб 300 нафар ҳалок гардида. Зиёда аз 1500 нафар захмӣ шудаанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *