Генерал Назарзода сӯхторҳоро шарҳ дод
Мақомоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ки чанд сӯхтори ахир дар Душанбе бинобар «беэҳтиётӣ» сар зада ва ба «душманиву рақобат миёни соҳибкорон», рабте надорад.
Давоми камтар аз ду моҳи ахир дар Душанбе беш аз панҷ сӯхтор ба миён омад, ки ба соҳибкорону моликони ошхонаҳо, миллионҳо сомонӣ зиён овард. Дар охирин ҳодисаи оташсӯзӣ, шоми якшанбеи 24-уми июн, ошхонаи маъруфи «Роҳат» воқеъ дар рӯбарӯи Корхонаи нассоҷӣ, ба коми оташ рафт.
Генерал Шариф Назарзода, сардори Раёсати вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гуфт, ин ниҳод то ба ҳол ҳангоми тафтиши сабабҳои оташсӯзиҳо, вуҷуди хусумат ё барқасдона оташ задан ва ё кадом амали душманиву рақобат миёни соҳибони бозору ошхонаҳоро, мушоҳида накардааст.
«Ин нодуруст аст. Вақте саривақт ва аз пеш чораҳои оташнишониро намеҷӯянд ва беаҳамиятӣ мекунанд, дар вақти бештар шудани қувваи барқ ва расиши ноқилҳо, сӯхтор ба амал меояд. Боз мегӯям, ки масъалаи барқасдона то ҳол ба мушоҳида нарасидааст»,-афзуд генерал Назарзода.
Сардори Раёсати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, ки ба сурати умум мизони оташсӯзиҳо дар соли равон назар ба соли гузашта камтар будааст.
Сӯхтори бозору марказҳои савдо ва ресторану ошхонаҳо дар як моҳи ахир танҳо дар шаҳри Душанбе, сокинони пойтахтро ба ташвиш овардааст. Ҳафтаи гузашта як маркази савдои мутааллиқ ба соҳибкори эронӣ дар маҳалаи маъруф ба «Водонассос», оташ гирифт.
Аз он пештар дар бозори «Султони Кабир», корхонаи дӯзандагии «Суман», каҳвахонаи туркии «Мерве» ва дар маҳаллаи маъруф ба Комбинати гӯшт (Мясокомбинат) низ сӯхтор ба амал омада буд. Танҳо зиёне, ки бозори «Султони Кабир» аз оташсузӣ дид, севуним миллион сомонӣ ҳисоб карда шуд.
Сабаби аксарияти оташсӯзиҳои солҳои ахир аз сӯи мақомот «расиши ноқилҳо» гуфта мешавад, ки миёни сокинонон шакку тардидеро ба миён меоварад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ