Геран Одинаева: Лӯхтакҳо қасд мегиранд
Агар шумо дар кӯдакӣ барномаи “Хоби ширин”-ро тамошо карда бошед, шояд қаҳрамони навбатии моро аз садояш шиносед, ин бону солиёни зиёд бо садои дилнишинаш ҳар шом тариқи телевизиони «Шабакаи аввал” ба кӯдакон хоби ширин таманно менамуд. Ё агар боре ба театри “Лӯхтак” рафта бошед, бо қаҳрамони мо шинос ҳастед, зеро аз соли 1985 то инҷониб ягон мавсими театрӣ бе иштироки Геран Одинаева нагузаштааст.
Лӯхтакбози маъруф ва собиқадори театр бар он ақида аст, ки лӯхтакҳо метавонанд бо ӯ сӯҳбат кунанд, метавонанд аз ӯ хафа шаванд, хашмгин шаванд ё ӯро қадр кунанд ва дӯст бошанд.
«Лӯхтакҳои мо хеле инҷиқанд. Агар онҳоро сахт ба замин гузорӣ ё дар вақти тамрин лӯхтакҳоро сахт қапида, истифода намоӣ, аз ту меранҷанд ва дар вақти намоиш аз ту қасд мегиранд. Ба монанди он ки он замон ё дасташон кор намекунад ё гарданашон мешиканад ”, — механдад актриса.
Геран Одинаева моҳи майи соли 1964 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Сабаби Геран ном гирифтани ин бонуи боистеъдод хеле аҷиб аст. Падару модараш дар айёми ҷавонӣ аз ҷониби корхонаи нассоҷӣ ба як совхоз барои ҷамъоварии гули геран барои истеҳсоли атриёт ва маводҳои косметикӣ равона мегарданд. Навхонадорон моҳи асали худро дар он ҷо гузаронида, баъди чанде чун духтардор мешаванд ва номашро Геран мегузоранд.
Қаҳрамони мо аз он меболад, ки имрӯз кадом ашёеро, ки ба даст мегирад, бо ӯ ҳамроз шуда метавонад. Геран аз хурдӣ ба лӯхтаку лӯхтакбозӣ шавқ дошта, ҳамеша дар дилаш орзуи фаъолият дар театрро доштааст.
«Хушбахтона, соли 1985 дар пойтахти мо театри «Лӯхтак» кушода шуд ва аз ҳамон вақт ман ба ҳайси ҳунарманд ба кор шуруъ кардам. Нахустин намоиши бозикардаам дар саҳнаи театр «Саргузашти Нанук» аз рӯи песаи Шамсӣ Қиёмов, моҳи сентябри соли 1985 барпо гардид,”-ба ёд меорад ӯ.
Ба ақидаи ин ҳунарманд мактаби ӯ театр аст, ки бо шарофати ин даргоҳи муқаддас ба чандин кишварҳо сафар кардааст ва аз ҳар як сафар бо дастовард баргаштааст.
Геран Одинаева дар тӯли фаъолияти эҷодӣ гарчанде ба мушкилиҳои моддиву маънавии зиёд рӯ ба рӯ гардида бошад ҳам, касби худро бениҳоят дӯст медорад. Ба гуфтаи қаҳрамони мо, замони ҷанги шаҳрвандӣ чандин моҳ бе маош кор кардааст. Ӯ дар баробари ҳунарманди муваффақи театр будан, ҳамсари меҳрубон ва модари мушфиқ барои фарзандонаш аст.
Азбаски қаҳрамони мо бо кӯдакон кор карданро дӯст медорад ва аз ӯҳдааш ба хубӣ мебарояд, аввал дар телевизиони “Шабакаи якум”, баъд дар телевизиони “Баҳористон” ва радиои “Тоҷикистон”, ҳоло бошад, дар радиои “Фарҳанг” ба хурдтаракон афсонаи шабро мехонад.
Геран Одинаева имрӯз бибӣ аст. Ӯ мегӯяд дар тарбияи фарзандонаш ҳамеша кӯшиш кардааст, ки сахтгир набошад.
“Вақте аз кор ба хона хаста мерафтам, корҳои хона ва нозу нузи кӯдакон маро хастатар мекард. Вале ҳеҷ гоҳ бо фарзандон бо забони сахту сард сӯҳбат намекардам. Вақте субҳ кӯдаки хурдсолро барои ба боғчаи кӯдакона бурдан бедор мекунӣ, хело эркагӣ мекунад. “Ман инро намепӯшам, ман инро намехӯрам”, ана ҳамон вақт ман аз ҳунари худ истифода мебурдам. Чун дар хона лӯхтакҳои ман зиёд буд, якеро гирифта, бо фарзандам бо забонӣ ҳамон лӯхтак сӯҳбат мекардам. “Ту агар ин либосро пӯшӣ, дӯстонат туро механданд, оё ин ба ту маъқул аст, ки онҳо ба ҳолат ханданд?” Ва албатта кӯдак “не, намехоҳам” мегуфт ва ҳамин гуна мушкил ҳал мешуд”,-ба ёд меорад Геран.
Қаҳрамони мо мегӯяд, агар кӯдак аз хурдӣ ба театр равад, дар оянда дарку фаҳмишаш дигаргуна мешавад. Вай тарзи дурусти муносибат бо атрофиёнашро медонад. Аз ин рӯ, Геран Одинаева падару модаронро даъват менамояд, ки фарзандони худро ба намоишҳои нави театрҳои кишвар бубаранд. Омодасоз: Сумани Убайдулло
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ