Гила аз ҳамватанон: на мехаранду на мехонанду на мебаранд!
Соли дувум аст, роҳбари Китобхонаи ба номи устод Лоҳутиям. Ҳамарӯза ману 120 нафар ҳамкоронам интизору омодаи хидмати дӯстдорони калом ҳастем. Агар аз рӯйи виҷдон ҳарф занем ба Худо вазъият нигаронкунанда аст. Аз миллати соҳибдевону соҳибкалому фарҳангӣ қариб, ки нишоне намондааст. Дар соири кишварҳои дигар на танҳо дар китобхона, дар бӯстонсароҳо, роҳу роҳрав, дар нақлиёт, дар боғу хиёбонҳо ҳазорон одамони китоб ба дастро мебинем. Аммо афсӯс, ки сокинони Душанбешаҳри азиз аз китоб рӯ тофтаанд.
99 дарсад хонандаҳои китобхонаҳо на аз рӯйи талаботи маънавияшон, на барои ғанӣ гаштани донишашон, на барои тавсеаи ҷаҳонбинияшон, балки аз рӯйи зарурат ва ё аз маҷбурӣ ба китобхона меоянд; яке кори илмӣ дорад, дигаре кори курсӣ дорад, савумӣ маърӯза омода мекунад, чаҳорумӣ интиҳон дораду панҷумро муаллим маҷбур кардааст…
Дар боби харидани китоб умуман ҳарф намезанам. Тасаввур кунед, бештар аз ним миллион китоб, бепул ва ҳатто ба хотири ҷалби хонанда то ду ҳафта китобро ба хона медиҳем, вале на мехаранду на мехонанду на мебаранд!
Абдуқодири АБДУҚАҲҲОР
Аз идора: Матлаби мазкур аз саҳифаи Фейсбуки Абдуқодири Абдуқаҳҳор нашр шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ