«Гимн» дар бораи қаҳрамонии Дилшод Назаров: Зинда бошӣ, қаҳрамон Дилшоди мо!
Сарояндаи саршиноси тоҷик- Иззат Шарифӣ суруд- гимнеро дар васфи Қаҳрамони бозиҳои олимпии Рио-2016 Дилшод Назаров таҳия намудааст, ки дар ритми мутантан сароида мешавад.
Ин суруд ба қалами Сафар Аюбзодаи Маҳзун навишта шуда, беҳтарин мисраҳоро бобати ҷасорату матонати Дилшод Назаров дар бар мегирад:
Зинда бошӣ қаҳрамон, Дилшоди мо,
Родмарди паҳлавон Дилшоди мо.
Мавриди зикр аст, ки ҳарчанд баробари шунидани хабари медали тилло гирифтани Дилшод Назаров шоирони нуктасанҷе амсоли Исфандиёри Назар, Адибаи Азиз дар васфаш васфияю фахрияҳо навишта бошанд ҳам, ин аввалин шеърест, ки ба риштаи мусиқӣ кашида шуда, чун суруди фахриявӣ пешниҳод шудааст.
Манобеи мухтилиф мегӯянд, ки имрӯз баробари пешвозгирии Дилшод Назаров Иззат Шарифӣ ин сурурдро дар шакли гимн дар майдони ҳавоии пойтахт хоҳад сароид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ