Гимназияи 53 ба мактаби 70 мекӯчад
Дар пойтахти Тоҷикистон вайрон кардани гимназияи рақами 53 ба номи Муҳаббат Маҳмудова шурӯъ шуд. Қарор аст, дар ҷойи ин гимназия дар тӯли як соли оянда мактаби наве бунёд шавад.
Дар гузашта дар ин мактаб фарзандони мақомоти баландпоя таҳсил кардаанд. Ин мактаб ҳамеша маҳалли раъйдиҳии мақомоти баландпоя, аз ҷумла президент Эмомалӣ Раҳмон буд.Ҳамакнун мақомот тасмим гирифтаанд, хонандагони гимназияи шумораи 53 муваққатан дар мактаби миёнаи шумораи 70 ҷой дода шаванд.Муассисаи давлатии гимназияи рақами 53 аз шаш бинои чаҳорошёна бо таҳхона ва 50 синфхона, аз ҷумла 4 синфи компютерӣ, озмоишгоҳи физика ва кимиё иборат хоҳад шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ