Гипотония: Сабабҳо ва хатарҳои пастшавии фишори хун
Қариб ду ҳафта боз худро бисёр бад ҳис мекунам. Фишори хунам худ аз худ паст фаромада, баъзан ҳатто мадори аз ҷой бархостан намекунам. Пеши чашмонам сиёҳӣ зада, сарам дард мекунад ва дилам тез-тез беҳузур мешавад. Мехоҳам сабаби ин ҳолат ва роҳи табобаташро бидонам.
НАРГИС, шаҳри Турсунзода
— Хоҳари азиз, Наргис! Сабаби ҳамаи ноҷуриҳое, ки шумо номбар кардед, ин паст будани фишори хунатон мебошад. Бисёриҳо гумон мекунанд, ки фишорбаландӣ беморӣ аст, вале пастшавии фишори хун ягон зарар надорад. Дар асл ин тавр нест.
Гипотония чист?
Пастшавии фишори хун беморӣ ба ҳисоб рафта, бо забони тиббӣ онро гипотония меноманд. Гипотонияи артериалӣ намудҳои гуногун дошта, зимни ин беморӣ фишори хун аз 100/60 пасттар мефарояд.
Аломатҳои беморӣ
Гепотонияи артериалӣ бо аломатҳои зерин аз худ дарак медиҳад:
1. Аз 100/60 пасттар фаромадани фишори хун.
2. Чарх задани сар.
3. Хира шудани чашмон.
4. Хастагию бемадорӣ.
5. Хоболудӣ.
6. Аз ҳуш рафтан.
7. Хунук шудани дасту пойҳо.
8. Арақи сард кардани бемор.
Киҳо бештар ба гипотония гирифтор мешаванд?
Ба гипотонияи артериалӣ занҳои ҷавон ва ноболиғон бештар дучор гашта, дар одамони синну солашон калон-кампиракон ва мӯйсафедон низ бар асари сустшавии мушакҳо пастшавии фишори хун ба назар мерасад.
Бояд тазаккур дод, ки аксаран гипотония бар асари бемориҳои дигар аз қабили иллатҳои дил, асаб ва системаи эндокринологӣ сар мезанад, бинобар ин, дар баробари духтурони терапевт ба омӯзиши омилҳои сар задани беморӣ ва роҳу усулҳои табобати он табибони кардиолог, асабшинос ва эндокринолог низ машғул мешаванд.
Намудҳои гипотония
Тавре ки гуфтем, омилҳои пастшавии фишори хун хеле зиёданд. Вобаста ба сабаби пайдоиши беморӣ гипотонияро ба намудҳои зерин ҷудо мекунанд:
1. Гипотонияи артериалии физиологӣ
Ин намуди гипотония ирсӣ буда, дар одамони комилан солим, ҳатто дар варзишгарон низ ба назар мерасад. Гипотонияи физиологӣ аслан хатарнок набуда, танҳо дар ҳолати якбора тағйир ёфтани боду ҳаво ва ё аз як минтақа ба минтақаи дигар сафар намудан аҳён-аҳён фишори хун паст мешавад. Дар ин ҳолат нӯшидани қаҳва, хӯрдани як пора шоколад ва ё ғизои серколория кофист, ки фишори хун дубора муътадил гардад.
2. Гипотонияи аввалия
Сабаби пайдоиши ин навъи гипотония дар 80%-и ҳолатҳо дистонияи нейросиркуляторӣ мебошад. Ба таври дигар бигӯем, ин як навъи невроз аст, ки дар шакли пастшавии фишори хун зуҳур менамояд. Ин намуди гипотония бештар баъди аз сар гузаронидани стресс, ҳаяҷони рӯҳӣ ё ягон ғаму ғуссаи сахти дуру дароз пайдо мешавад. Сабаби асосии гипотонияи аввалия нооромии асаб, хастагии рӯҳӣ, бехобӣ ва дипрессияи шадид мебошад.
3. Гипотонияи дуюмдараҷаи артериалӣ
Ин намуди гипотония бар сари бемориҳои дигар пайдо мешавад. Бемориҳое, ки боиси паст шудани фишори хун мегарданд, инҳоянд:
1. Анемия-камхунӣ.
2. Захми меъда.
3. Гипотериоз.
4. Кардиомиопатия.
5. Миокардит.
6. Аритмия.
7. Остеохондрози қисмати гардан.
8. Касалии саратон.
9. Бемориҳои сироятӣ.
10. Норасоии кори дил.
4. Гипотонияи шадид
Намуди аз ҳама хатарноктарини пастшавии фишори хун ба шумор рафта, дар муддати хеле кӯтоҳ (аз чанд дақиқа то чанд соат) дар системаи гардиши хун дар узвҳои дохилӣ харобиҳои зиёдеро ба вуҷуд меорад ва метавонад ҳатто боиси марги бемор гардад.
Сабабҳои асосии сар задани гипотонияи шадид инҳоянд:
1. Хунравии бошиддат.
2. Беобшавии организм.
3. Бардошти захми амиқ.
4. Заҳролудшавии шадиди организм.
5. Ҳолати шоки анафилактикӣ
6. Якбора вайрон шудани низоми кори дил.
Дар ин ҳолатҳо маризро фавран ба беморхона бурдан лозим аст, чунки фишори хун якбора паст хеле фаромада, метавонад боиси сар задани ҳар гуна оқибатҳои нохуш гардад.
Ташхис ва табобат
Барои табобати гипотония пеш аз ҳама сабабҳои паст фаромадани фишори хунро аниқ кардан лозим аст. Барои ёфтани сарчашмаи беморӣ шумо бояд:
1. Дар бадали як шабонарӯз тайи ҳар ним соат ҳатман фишори хуни беморро санҷед ва натиҷаҳоро баъди нӯшидани қаҳва, ширинӣ ва хӯрдани ғизоҳое, ки фишори хунро мебардоранд, қиёс намоед, ки фишор баланд мешавад ё не.
2. Дар сурати баланд нашудани фишори хун баъди нӯшидани қаҳва, шоколад ва дигар ғизоҳое, ки маъмулан фишори хунро баланд месозанд, ҳатман ба духтур муроҷиат намуда, ташхисҳои зеринро бо маслиҳати табибон анҷом диҳед:
3. Ташхиси кори дил ва рагҳои хунгарди он-ЭКГ ва ЭхоКГ.
4. Ташхиси ултрасадоии узвҳои системаи эндокринологӣ.
5. Ташхиси ЭЭГ барои фаҳмидани ҷараёни кори майнаи сар
6. Машварати табиби асабшинос, агар ба ин зарурат бошад.
7. Ташхиси биохимиявии хун ва ғайра
Табобати беморӣ
Зимни табобати гипотонияи артериалӣ дар баробари доруҳое, ки фишори хунро баланд мекунанд, ҳамчунин аз усулҳои дигар аз қабили психотерапия, табобатҳои обӣ, сӯзандармонӣ ва табобат бо бӯйҳои хуш-ароматерапия истифода мебаранд. Худтабобаткунӣ манъ буда, реҷаи табобатро табиб баъди аниқ кардани сабабҳо ва сарчашмаи пастшавии фишори хуни мариз таъин мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ