Гирдбоду тӯфон 70 нафарро кушта, 210 ҳазорро аз нерӯи барқ маҳрум сохт

Офати табиӣ якчанд иёлатро фаро гирифт. Беш аз 70 нафар кушта шуд ва тақрибан 200 ҳазор сокин бебарқ монд

РИА Новости хабар медиҳад, ки  гирдбод ва тӯфони шадиде якчанд иёлати шарқии Амрикоро фаро гирифтааст. Аз ҷумла, офати табиӣ  иёлоти Иллинойс, Миссури, Арканзас, Кентукки ва Теннессиро фаро гирифтааст.

Гуфта мешавад, танҳо дар Кентукки тақрибан 70 нафар кушта шуданд. Инчунин дар бораи марги як сокини хонаи пиронсолон дар Арканзас ва се нафар дар Теннессӣ хабар дода  шуд.

Тақрибан 138 ҳазор нафар дар Теннессӣ ва 72 ҳазор нафар дар Кентукки аз нерӯи барқ маҳрум монданд.

Президенти ИМА Ҷо Байден дар Кентукки вазъияти изтирорӣ эълон кард ва ба манобеъи федералӣ амр дод, ки ба минтақаҳои осебдида кумак кунанд.

Манбаъ меафзояд, сафорати Русия дар ИМА ба наздикони ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣ намуда, ба осебдидагон шифои ҳарчи зудтар таманно кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *