Гирдиҳамоии занон. Онҳо аз Толибон ҳуқуқи таҳсил, кор ва ширкат дар умури сиёсиро талаб карданд

Гирдиҳамоии занон.  Онҳо аз толибон ҳуқуқи таҳсил, кор ва ширкат дар умури сиёсиро талаб карданд

Ҷангҷӯён ба ҷониби сокиноне, ки ба муносибати Рӯзи истиқлоли Афғонистон ба кӯчаҳо баромада буданд, тир холӣ карданд

Ҷонибдорони ҷунбиши радикалии мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон — Толибон,  дирӯз ба сӯи издиҳоми мардум дар Асадободи Афғонистон оташ кушоданд.

Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд.

Дар натиҷаи тирандозӣ чанд тан кушта шуданд. Аммо шумораи онҳо феълан дақиқ карда нашудааст.

Бино бар иттилои расонаҳо, сокинон ба муносибати Рӯзи истиқлоли Афғонистон ба кӯчаҳои шаҳр баромада буданд.

Қаблан Толибон ба эътирозгарон дар вилояти Нангарҳори Афғонистон оташ кушода буданд. Эътирозгарон парчами миллии Афғонистонро ҷонибдорӣ мекарданд. Дар пайи ҳамлаи толибон чанд тан кушта ва захмӣ гаштанд.

Илова бар ин, радикалҳо ба рӯзноманигорони расонаҳои маҳаллӣ ҳамла карданд, ки мехостанд дар бораи эътирозҳо гузориш диҳанд.

Як рӯз қабло аъзои ин ҳаракати террористӣ ба ҷониби издиҳом дар фурудгоҳи Кобул низ оташ кушода буданд.

Бояд гуфт, ки пас аз қасби қудрат аз ҷониби Толибон занон дар Афғонистон нахустин шуда гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Онҳо аз толибон ҳуқуқи таҳсил, кор ва ширкат дар умури сиёсиро талаб карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *