Гирифтани автомашина ва тилловорӣ бо роҳи қаллобӣ

Як марди 49-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, моҳи ноябри соли 2013 бо маслиҳати пешакӣ бо марди 53-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба боварии зани 53-солаи сокини кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 953,3-гр маснуотҳои тилловорӣ ба маблағи 30 000 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додаанд, ки дар муддати 1-моҳ онҳоро фурӯхта, маблағашро бармегардонанд.

Як марди 49-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, моҳи ноябри соли 2013 бо маслиҳати пешакӣ бо марди 53-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба боварии зани 53-солаи сокини кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 953,3-гр маснуотҳои тилловорӣ ба маблағи 30 000 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додаанд, ки дар муддати 1-моҳ онҳоро фурӯхта, маблағашро бармегардонанд. Аммо номбурдагон маснуотҳои мазкурро бар ивази қарзашон ба шахси дигар дода, ба зани номбурда ба маблағи 30 000 доллари амрикоӣ зарар расонидаанд.

Инчунин, номбурдагон бо маслиҳати пешакӣ бо мақсади ғайриқонунӣ гирифтани кредит ба боварии зани мазкур даромада, аз “Тоҷиксодиротбонк” дар асоси шартномаи қарзӣ 29 000 доллари амрикоӣ қарз гирифта, ба манфиати шахсиашон сарф намудаанд.
Нисбати номбурдагон аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 247 ва 264 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ҳамчунин, як зани 33-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд. Номбурда, моҳи апрели соли 2019 бо роҳи фиреб ба боварии марди 38-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи «Лексус-350»-ро ба маблағи 27 ҳазору 500 доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта, 5000 долларашро дода, боқимонда 22 ҳазору 500 долларашро то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *