Гирифтани нафақаи фавтидагон ошкор шуд
Дар соли равон аз ҷониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Тоҷикистон 4 ҳолати гирифтани нафақаи фавтидагон аз ҷониби наздикони онҳо ошкор гардидааст.
Дилмурод Давлатзода, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки
ҳолатҳои мазкур бинобар сабаби нофаҳмии наздикон ба миён омада, ҳангоми гузаронидани санҷиш нафақаи онҳо бозпас гардонида шудааст.
Гуфта шуд, ки ба ҳолати 1-уми июли соли 2023 теъдоди умумии нафақагирон дар ҷумҳурӣ ба 768 ҳазору 976 расида, талаботи моҳонаи нафақа дар як моҳ 261,2 миллион сомониро ташкил намудааст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,9 млн сомонӣ зиёд аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ