Гирифтани раводиди Покистон ройгону осон шуд                           

Мақомоти Покистон барои шаҳрвандони 126 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон пардохти пули раводидро бекор кард. Дар ин бора сомонаи “Visasnews” хабар медиҳад.

Ҳамакнун ба шаҳрвандони ин кишварҳо раводиди сайёҳӣ ва тиҷоратӣ ба муҳлати 90 рӯз дар давоми 24 соат ройгон дода мешавад.

Илова бар ин, раванди дархости раводид барои онҳо хеле сода хоҳад шуд.

“Барои соҳиб шудан ба раводиди Покистон танҳо як анкетаи онлайниро дар мудати 10 то 15 дақиқа пур мекунед. Дар анкета 30 савол пешниҳод мешавад. Пас аз муроҷиати онлайн тавассути портали расмии Nadra раводиди ройгон дарёфт карда мешавад”,-мегӯяд сафири Покистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар

Ҳоло миёни Тоҷикистон ва Покистон дар як ҳафта як маротиба парвозҳои мустақим  тариқи ширкати ҳавопайии “Сомон Эйр” сурат мегирад.

Ёдовар мешавем, ба феҳристи кишварҳое, ки шаҳрвандонашон метавонанд бидуни раводид вориди Тоҷикистон шаванд, Булғористон, Бразилия, Ватикан, Ирландия, Мексика, Муғулистон, Уммон ва дигар кишварҳо дохил гардиданд.

Инчунин, Тоҷикистон ба шаҳрвандони синну соли аз 55 болои 16 давлат низоми бераводид ба мӯҳлати 14 рӯз ҷорӣ кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *