Гирифтори бемории руҳӣ наҷот дода шуд. Ӯ худкушӣ кардан мехост
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар аз наҷот ёфтани як нафар гирифтори бемории руҳие хабар дод, ки худкушӣ кардан мехостааст.
Бино ба иттилои манбаъ, ин ҳодиса рӯзи 23-юми октябри соли 2022 соати 01:20 дақиқа рух додааст.
— Имдодгарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марди 30-солаеро наҷот доданд, ки нимишабӣ мехост худкушӣ кунад. Вай омода буд худро аз тирезаи ошёнаи чоруми бинои истиқоматиаш воқеъ дар кӯчаи Гипроземи ноҳияи Синои пойтахт ба замин ҳаво диҳад. Баъди дарёфти хабар наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса расиданд ва шаҳрвандро аз қасдаш боздоштанд ва солим ба наздиконаш супурданд. Маълум шуд, ки шаҳрванд 30 сол дошта, мубталои бемории руҳӣ будааст,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ