Гирифторони коронавирус ба сафи артиш даъват намешаванд

Дар мавсими имсолаи даъват ба сафи артиш, ки аз пагоҳ, якуми октябр оғоз мегардад, тағйирот ба амал омадааст.

Мувофиқи маълумотҳои расида, дар байни онҳое, ки имсол ба сафи артиши Тоҷикистон даъват мешаванд, гирифторони коронавирус нахоҳанд буд.

Барои равшанӣ андохтани ин масъала, мо ба сардори Маркази матбуоти Вазорати мудофиа Фаридун Маҳмадализода муроҷиат намудем. Ӯ ба таври муфассал дар ин мавзӯъ маълумот дод.

Маҳмадализода гуфт: «Дар ҳайати комиссияе, ки сарбозонро аз ташхис мегузаронад, мутахассисони соҳа мавҷуданд ва онҳо муайян мекунанд, ки кӣ лоиқи даъват аст. Лекин гирифторони коронавируси синни даъватӣ дар куҷое набошанд, ба қайд гирифта шуда, онҳо ба хизмат сафарбар карда намешаванд.

Роҳбари Маркази матбуотии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба сомонаи pressa.tj. ҳамчунин иттилоъ дод, ки имсол дар ҳамаи пунктҳои даъватӣ қоидаҳои беҳдошти санитарӣ ва риояи қоидаҳои муқарраргардида ба таври ҷиддӣ риоя карда хоҳанд шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *