Гирифторони коронавирус зиёд шуд, Душанбе дар ҷойи аввал

Имрӯз, 4 май дар ҳудуди Тоҷикистон шумораи гирифторорони коронавирус 102 нафар зиёд шуда, ба 230 кас расид. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар доданд.

Ҳамчунин, то имрӯз  3 ҳолати фавти шаҳрвандон аз сирояти коронавируси нави COVID-19 дар мамлакат ба қайд гирифта шуд.

Ба иттилои манбаъ, ба ҳолати 4 май дар муассисаҳои табобатии кишвар ҳамагӣ 3208 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 246  нафар пас аз гузаронидани ташхису муоина дар ҳолати қаноатбахш аз муассисаҳои табобатӣ ба хона ҷавоб дода шудаанд.

«То соати 16:30 дақиқаи 4 май дар мамлакат 230 ҳолати сироятёбии шаҳрвандон ба коронавируси нави COVID-19, аз ҷумла 110 ҳолат дар шаҳри Душанбе, 22 ҳолат дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 7 ҳолат дар ВМКБ, 21 ҳолат дар вилояти Хатлон ва 70 ҳолат дар вилояти Суғд ошкор гардид. Ҳамзамон, то имрӯз 3 ҳолати фавти шаҳрвандон аз сирояти коронавируси нави COVID-19 дар мамлакат ба қайд гирифта шуд», — иттилоъ медиҳад вазорат.

Тибқи маълумоти нави Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), ҳамагӣ дар ҷаҳон 3 миллиону 582 ҳазору 804 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд. Аз ин шумора 245 ҳазору 567 нафар вафот карда, 1 миллиону 160 ҳазору 110 кас шифо ёфтаанд ва 50 ҳазору 20 тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *