Гиромидошти 26-солагии Истиқлоли Тоҷикистон дар Париж
Дар таърихи 20 сентябри 2017, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фаронса, бо ҳамкории Анҷумани фарҳангии тоҷикон «Равзана», барномаи фарҳанге, ки шомили намоишгоҳи наққошӣ ва аккосии ҳунармандони тоҷик тањти номи «Тоҷикистон, боми дунё»-ро дар Маркази фарҳангии ”Жужулула” дар Париж баргузор намуд. Дар ин барнома, ки дар он шахсиятҳои сиёсӣ, ҳунарӣ, адабӣ, илмӣ ва ҳамчунин марказҳои инсондӯстӣ ва тавсеа ширкат доштанд, пас аз хушомадгӯии ҷаноби Сафир, Ҳомидҷон Назаров барнома оғоз шуд. Меҳмонони барнома пас аз дидани намоишгоҳҳои аксу наққошӣ ва сарфи шоми лазизи тоҷикӣ, ба салони намоиши филм даъват шуданд. Пас аз муаррифии филм тавассути хонуми Шафақи Фаррухзод, масъули Анҷумани “Равзана”, филми таърихӣ, ки дар соли 1980 дар Тоҷикистон дар бораи зиндагии мардуми кӯҳистони Бадахшон фароҳам шуда буд, ба намоиш гузошта шуд. Ин барномаҳо маврид ситоиши меҳмонон қарор гирифт ва дар поёни барнома ҷаноби Сафир бо ҳамроҳи ҳамсаршон ва ҳамчунин ҷаноби Фурқат Лафизов, сарконсули Сафорати Тоҷикистон меҳмононро гусел намуданд. Инҷо гӯшаҳое аз ин барнома нишон дода мешавад:
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ