Гиряи тифл аз тобут ё чигуна баъди 23 соати мурдани модараш кӯдак ба дунё омад

Охир, зан 23 соат пеш мурда буд ва аз ин 17 соат ҷасади зан дар яхдони сардхона буд. Ҳама дар ҳолати шокӣ қарор доштанд, ки чӣ гуна кӯдак бе оксиген зинда мондааст.

Дар ҳаёт баъзе  ҳодисаҳое  рух медиҳанд, ки ба ҳар гуна шарҳ сарфи назар мекунанд. Ва ин парванда яке аз онҳост. Ҳодисаи беназир дар Торонто рух дод — таваллуди кӯдак дар тобут. Ин ҳодисаро ғайр аз мӯъҷиза чизи дигаре номидан мумкин нест.

Аз ҳама ғамангез он аст, ки зане, ки 7 -моҳа ҳомиладор буд, ба брои ҳолати кӯдакашро донистан ба беморхона рафт, аммо дар роҳ назоратро аз даст дод ва ба садамаи мудҳиш дучор шуд, ки дар натиҷа вай аз захмҳои сершумори сар ва қафаси сина дар беморхона ҷон дод.

Духтурон марги модар ва ҳам кӯдакро он замон эълон карданд. Ҷасадро пас аз морг (сардхона) хешовандонаш ба хона оварданд…

Рӯзи дигар, ҳангоме, ки  ҷанозаро ба хок месупориданд,  яъне ҳангоми дафн, ногаҳон  гиряи кӯдак шунида шуд. Ва ин гиря ҳамаи он ҷо будагонро мутаҳайир кард. Ва он гиря на аз ҷои дигаре , балки аз қабр омад!

 Вақте ки он ҷо будагон  чунин як падидаи фавқулоддаро диданд, басо ҳайратовар буд! Охир, зан 23 соат пеш мурда буд ва аз ин 17 соат ҷасади зан дар яхдони сардхона буд. Ҳама дар ҳолати шокӣ қарор доштанд, ки чӣ гуна кӯдак бе оксиген зинда мондааст. Ин ҳодиса барои ҳама чун сирре боқӣ мемонад. Ҳатто табибе, ки марги занро изҳор дошт, натавонист ин зуҳуротро шарҳ диҳад: «Ман 22 сол боз ба ҳайси табиб кор мекунам вале чунинашро ҳеҷ вақт вонахӯрдаам…. Намедонам, агар ин мӯъҷиза набошад, пас онро чӣ ном барам!»

Зане аз Торонто пас аз он ки ҷасадашро дар даруни тобут (гроб) ба зеризамин фуроварданд, кӯдак таваллуд кард.  Кас дар ҳайрат мемонад, ки замоне ки зан фавтид чаро табибон зинда будани кӯдакро дарк накарданд. Зиндамондани кӯдак ҳамчун, як сирре боқӣ мемонад, аммо зинда мондани духтар далели бевоситаи рӯй додани мӯъҷизаҳост.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *