Глаукома чӣ гуна беморӣ аст?

 Глаукома бемории чашм аст, ки бар асари он доим ё гоҳ-гоҳ баланд шудани фишор дар рагҳои хунгузари чашм боиси харобшавии асаб, биноӣ ва гум шудани вазифаҳои чашм мегардад.

Бемор дар ҳолати хуруҷи дард гумон мекунад, ки чашмаш аз косахонааш мебарояд.  Дар ин ҳолат чашм сурхи лолагӣ шуда, қувваи босира кам мешавад. Ин  беморӣ модарзодӣ шуда  ҳам  метавонад. Вале шаклҳои дигаре ҳам вуҷуд дорад, ки онро аз рӯйи фишори чашм муайян мекунанд.

Дар глаукомаи модарзодӣ андозаи қарнияи чашм  зиёд гашта, ковокии чашмро глаукома пурра мегирад, ки дар натиҷа чашм берун мебарояд.

Глаукома хосияти ирсӣ дошта, аз насл ба насл мегузарад. Инчунин, дар натиҷаи баъзе бемориҳо, аз ҷумла, диабети қанд ин беморӣ пайдо мешавад.

Ҳамчунин, бар асари садама, зарба, иллат гирифтани чашм низ бемории глаукома пайдо мешавад.

Нишонаҳои аввали ин беморӣ, дар пеши чашм дидани тиру камон  паридани шапалакҳои ранга, баъд аз хоби саҳарӣ вазнин эҳсос кардани сар, зуд-зуд ва беихтиёр аз чашм рафтани об, гоҳ-гоҳ пеши чашм пайдо шудани дуд ва туман мебошад.  Дар ин вақт аз фаъолият мондани рагҳои хунгард ба вуҷуд омада, оҳиста-оҳиста бемор аз хирашавии биноӣ шикоят мекунад.

Барои пешгирӣ аз ин беморӣ ё раҳоӣ ёфтан аз он, витаминҳо нақши асосӣ доранд. Аз ин рӯ, занҳо кӯшиш намоянд, ки дар вақти ҳомиладорӣ аз рӯйи меъёр витаминҳоро истифода баранд, ки онҳо дар таркиби меваю сабзавот, маҳсулоти ширӣ, моҳӣ ва ғайра зиёданд. Норасоии витамин натанҳо ба ҳаёти модар, балки барои тифли дар шиками модарбуда низ хавф аст.

Масалан, агар дар организми модар витамини А норасоӣ кунад, он ба шабкӯрии тифл низ боис мегардад.

Усули табобати бемории глаукома бештар ҷарроҳӣ мебошад, бинобар ин, худро аз ин беморӣ эҳтиёт кунед.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *