Голи Мбаппе. Фаронса бар Юнон пирӯз шуд

Дастаи мунтахаби футболи Фаронса дар бозии интихобии қаҳрамонии Аврупо-2024, ки дар Олмон баргузор мешавад, тими Юнонро шикаст дод.

Вохӯрии гурӯҳи «В» дар Париж бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт. Капитани даста Килиан Мбаппе аз пеналтӣ (дақиқаи 55-ум) гол ба самар расонд. Дар дақиқаи 70-ум ҳимоятгари меҳмонон Константинос Мавропанос корти сурх гирифт.

Ин бозӣ охирин бозии довари испанӣ Антонио Лаос буд, ки бозии ниҳоии Лигаи Чемпионҳо дар мавсими 2020/21 байни Челси ва Манчестер Сити (1:0)-ро доварӣ кард.

Дар гурӯҳи «В» мунтахаби Фаронса (12 имтиёз, 4 бозӣ) дар садри ҷадвал қарор дорад, юнониҳо (6 имтиёз, 3 бозӣ) дувум мебошанд. Дар бозии дигари гурӯҳ ирландиҳо дар майдони худ тими миллии Гибралтарро (3:0) шикаст доданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *