Голи зудтарин, хет-трик ва истеъфои сармураббӣ дар Лигаи олӣ
Дар даври сеюми Лигаи олии Чемпионати футболи Тоҷикистон ду бозӣ бо пирӯзии соҳибони майдон, ду бозӣ бо ғалабаи меҳмонон ва ду бозии дигар мусовӣ анҷом ёфт.
Дар бозии аввали ин давр «Ҳосилот» дар майдони худ аз «Эсхата» бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд. Сипас, «Панҷшер» ҳам дар майдони худ аз дастаи «Истравшан» бо натиҷаи 1:3 ноком шуд.
«Барқчӣ» аввалин пирӯзии худро дар Чемпионат ҷашн гирифт. Футболбозони шаҳри Ҳисор дар майдони худ ба дарвозаи «Вахш» як голи беҷавоб заданд. Рӯйдоди муҳими дигари даври сеюм — ин истеъфои сармураббии дастаи “Вахш” Тоҳир Муминов буд. Ин аввалин истеъфои сармураббӣ дар мавсими нави Лигаи олӣ буд.
Дастаи «Истиқлол» ҳам дар майдони худ бар дастаи «Кӯктош» бо ҳисоби бузурги 6:0 пирӯз шуд. Аввалин хет-трики мавсим ҳам дар ҳамин бозӣ ба қайд гирифта шуд, ки онро легионери «Истиқлол» Элике ба самар расонд. Дар ин вохӯрӣ зудтарин голи мавсимро Алишер Ҷалилов дар сонияи 23-юми бозӣ зад.
Бозиҳои КМВА бо «Равшан» ва «Регар-ТадАЗ» бо «Хуҷанд» мусовӣ, бе задани гол ба охир расиданд.
Дар даври чорум 26-уми апрел «Истаравшан» бо КМВА, «Куктош» бо «Барқчӣ», 27-уми апрел «Эсхата» бо «Равшан», «Вахш» бо «Панҷшер», «Ҳосилот» бо «Регар-ТадАЗ», 28-уми апрел «Хуҷанд» бо «Истиқлол» бозӣ мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ