Гомел Русия ва Украинаро ба ҳам меоварад?!
Ҳайати Русия ҷониби Украинаро барои музокирот интизор аст, ки дар назар аст он соатҳои наздик доир шавад.
Музокиракунандагони Русия ҷониби Украинаро дар вилояти Гомели Белорус интизоранд. Музокирот бояд субҳи душанбе, дар чанд соати наздик баргузор шавад,- хабар медиҳад РИА «Новости» дар такя ба як манбааш дар доираҳои дипломатӣ.
«Мо мунтазири оғози музокирот ҳастем, аммо ҳайати Украина ҳанӯз наомадааст. Мулоқот бояд субҳи рӯзи душанбе дар вилояти Гомел, дар чанд соати наздик баргузор шавад»,- гуфтааст мусоҳиби оҷонсӣ.
Юрий Воскресенский, сиёсатшиноси белорусӣ, ки ба ҷонибҳои музокираҳо наздик аст, ба хабаргузории РИА «Новости» гуфта буд, ки Владимир Зеленский пас аз суҳбат бо президенти Белорус Александр Лукашенко тасмим гирифтааст як ҳайатро барои музокирот ба Белорус фиристад.
Котиби матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Белорус Анатолий Глаз қайд кард, ки макон аллакай омода аст ва мунтазири омадани ҳайатҳо ҳастанд.
Владимир Мединский, ёвари президенти Федератсияи Русия гуфт, ки Украина дар бораи музокирот дар вилояти Гомел ба мувофиқа расида, як ҳайати Русия ба он ҷо рафтааст.
Котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков гуфт, ки пеш аз ин гуфтугӯи телефонии Лукашенко ва Зеленский сурат гирифтааст.
Бино ба хабари Sputnik Белорус, макони музокироти Русия ва Украина гузаргоҳи Александровка-Вилча хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки Русия 24-уми феврал ба амалиёти безарарсозии Украина шуруъ кард. Владимир Путин, президенти Русия дар як паёми телевизионӣ гуфт, ки вазъ «аз мо иқдоми қатъӣ ва фаврӣ тақозо мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс кумак хостаанд».
Ба гуфтаи роҳбари Русия, масъулияти хунрезӣ бар дӯши режими ҳоким дар Украина хоҳад буд. Ӯ аз низомиёни кишвар хостааст, ки фармонҳои ҷиноии Киевро иҷро накунанд, силоҳҳои худро гузошта, ба хонаҳояшон раванд.
Баъдан Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки Неруҳои мусаллаҳи Русия ба шаҳрҳои Украина ҳеҷ гуна зарба назадаанд.
Вазорати дифоъ афзуд, ки марзбонони украинӣ «ҳеҷ гуна муқовимат нишон намедиҳанд», дар бархе маворид низомиён таслим мешаванд ва пас аз он имкони бозгашт ба назди хонаводаҳои худ доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ