Горбачёв хатои Лукашенкоро гуфт

Президенти собиқи ИҶШС Михаил Горбачев чунин мешуморад, ки президенти Беларус Александр Лукашенко барои дастгирии коргарони корхонаҳои кишвар хеле дер муроҷиат кард.

«Лукашенко барои дастгирӣ ба коргарони корхонаҳои саноатӣ муроҷиат кард, аммо хеле дер шуда буд» гуфтааст ӯ дар мусоҳиба бо «Комсомольская правда». Сиёсатмадор таъкид кард, ки дар поёни мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ, ӯ низ барои дастгирии мардуми коргар муроҷиат карда буд.»Мо дастгирии лозимиро дарёфт накардем. Аммо ман намехоҳам коргаронро айбдор кунам» мегуяд Горбачев. Вай шарҳ дод, ки ӯ аз мансаби президенти Иттиҳоди Шӯравӣ бо мақсади оғоз нагардидни ҷанги шаҳрвандӣ ва тақсим нашудани кишвар канор рафтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *