Говдуздӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 61-солаи сокини ноҳияи Ёвон бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир гардид.
Муайян карда шуд, ки гумонбаршуда моҳи майи соли 2016 бо роҳи пинҳонӣ аз ҶСП “Баракати Ёвон”, 10 сар чорвои калони шохдорро дуздида, ба корхонаи мазкур зарари калон расонидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.
Такрори говдуздӣ
Ҳолати дузди чорвои калони шохдор дар ноҳияи Ёвон рӯзи 4-уми моҳи равон низ рух дода буд, ки шахсони номаълум се чорвои калони шохдорро дуздида буданд, ки маблағи ҳарсе чорво дар умум 6 ҳазор сомониро ташкил медод.
Ин аввалину дуюмин ҳодисаи дуздии гов дар ноҳияи Ёвон набуда, рӯзи 20-уми октябри соли ҷорӣ дар деҳаи Тоҷикобод-1 — и ҳамин ноҳия чор гов — як буқа ва се модагови як шаҳрванди шаҳри Душанбе аз тарафи шахсони номаълум рабуда шуда буданд.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ