Говдуздӣ дар Мастчоҳ

Гурӯҳи муташаккили панҷнафара, ки бо дуздии чорвои калони шохдор ва майда дар ноҳияи Мастчоҳи шимолии Тоҷикистон машғул буданд, ба даст афтоданд. Мақомоти умури дохилии вилояти Суғд дар ин бора иттилоъ дода гуфт, ки гумонбаршавандагон тақрибан 70 сар моли майда ва шохдорро ба яғмо бурдаанд.

Ин гурӯҳи панҷнафараи дуздон асосан он рамаҳоеро, ки дар кӯҳсор аз назари подабонон дур мемонданд, мавриди ҳадаф қарор медодаанд. Мақомоти милитсия мегӯяд, ки зарари ба аҳолӣ расонидашудаи дуздон наздик 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *