Говдуздон дастгир гардиданд

Ба хонаи шаҳрванд С. Гулрухсор, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Истиқлол даромада, аз он ҷо 2-сар чорвои калони шохдорро, ки 8500-сомонӣ арзиш доштанд, дӯздида аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.

Таърихи 15-уми марти соли равон ба ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун, шаҳрванд А.Зардолиев истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Панҷ, арз намуд, ки санаи 12.03.2019 сол, шахсони номаълум аз заминҳои назди манзили истиқоматиаш 1-сар чорвои калони шохдорашро, ки 6000-сомонӣ арзиш дошт дӯздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ аз ҷониби кормандони милитсия, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Панҷ шаҳрвандон Х.Аламшои 40 сола ва ва Ҳ. Маҳмадтолиби 39 сола, ки пеш бо моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст бо гумони дӯздӣ дастгир гардиданд.

Инчунин бо ҳамин далел дар санаи мазкур ба ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён, шаҳрванд А.Камолов, сокини маҳаллаи Зарбдори шаҳри Бохтар арз намуд, ки шаби 06-ум ба 07-уми марти соли равон, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба оғилхонааш даромада, аз он ҷо 1-сар чорвои калони шохдорро, ки арзишаш 3000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия истиқоматкунандагони шаҳри Бохтар, 7 нафар ҷавонону ноболиғон, ки 4 нафари онҳо хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри мазкур мебошанд ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дӯздӣ дастгир гардиданд.

Ҳамзамон муайян карда шуд, ки худи онҳо бо ҳамин роҳ ба хонаи шаҳрванд С.Гулрухсор, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Истиқлол даромада, аз он ҷо 2-сар чорвои калони шохдорро, ки 8500-сомонӣ арзиш доштанд, дӯздида аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.
Оид ба ҷинояти мазкур тафтишот идома дорад.

Бознашр аз сомонаи ВКД

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *