“Грибок”-и пой. Роҳҳои табобати он кадом аст?

”Грибок” бемории нохуше мебошад, ки сабаби хориш ва арақ кардани пойҳо мегардад.

Нишонаҳои грибок инҳоянд:

1. Хориш ва сӯзиши кафи пойҳо ва байни ангуштон;

2. Ба машом расидани бӯйи бади дилбеҳузуркунанда аз пойҳо;

3. Тағйир ёфтани шакл ва ранги нохунҳои пой;

4. Пӯстпартоӣ ва ё ғафс шудани пӯсти пой;

5. Баромадани ярачаҳои хурд дар пойҳо ва байни ангуштон;

6. Дард кардани пойҳо ҳангоми роҳгардӣ;

7. Баромадани обилачаҳо дар пой.

Усулҳои халқии табобати грибок”:

Албатта, бемориҳои замбурӯғӣ ва мағори пойҳоро метавон бо кумаки малҳам ва дорувориҳои махсус табобат намуд, вале имрӯз мо ба шумо дар бораи усулҳои хеле соддаву осони халқие маълумот медиҳем, ки арақкунии пойҳоро кам карда, шуморо аз бӯйи бад наҷот медиҳанд.

1. Пойҳоятонро дар маргансовка бигиред!

Маргансовка ё перманганати калий воситаи беҳтарини халосӣ аз бӯйи бад ва арақкунии пойҳо мебошад. Барои ин кофист, ки ҳар шом тахминан 2 литр обро ба тағора андохта, ба он ҳамагӣ 1 грамм хокаи перманганати калий андозед ва пойҳоятонро дар ин оби гарм 15-20 дақиқа нигоҳ доред.

2. Муъҷизаи сирко

Сиркои себин барои халосӣ аз бӯйи бади пойҳо мадад мерасонад. Ба оби гарм ҳамагӣ 200 грамм сиркои себин, ки дар шакли тайёр фурӯхта мешавад, андозед ва пойҳоятонро дар ин моеъ 15 дақиқа нигоҳ доред. Дар як рӯз ин амалро 3 мартиба такрор кардан лозим аст. Пас аз ин пойҳоятонро бо сачоқи махсус нағзакак хушк карда, ҷӯроби нав ё тоза пӯшед.

3. Кумаки сирпиёз — чеснок

Сирпиёз — чеснок хусусияти несту нобуд кардани мағори пойҳоро дорад. Як калла сирро майда карда, шираи онро фишурда гиред ва ба он ба миқдори баробар спирту об андозед. Обро гарм карда, ба он як қошуқ собуни сиёҳи аз турбтарошак гузаронидашуда ва ду қошуқ содаи хӯрока андозед. Сиркои бо спирт омехташударо ба ин об андохта, пойҳоятонро дар он муддати 15-20 дақиқа нигоҳ доред.

Ин усулҳо “грибок”-и пойи шуморо шифо мебахшанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *