ГУФТОР ВА Ё БА ИСТИЛОҲ, МАҚОЛАИ 101-ум
Чунин гуфт, ки ин чархи нопойдор,
На парварда донад, на парвардагор.
Ба тоҷи гаронмоягон нангарад,
Шикоре, ки ёбад, ҳаме бишкарад
Фирдавсӣ
Равшаноӣ ба терминҳое, ки дар гуфтугӯи рӯзмарраамон истифода мегарданд. Нахӯст аз вожаи «Ҷам-Ҳур» оғоз менамоем. «Ҷам-ҳур», калимаи пок Порсии Паҳлавӣ буда, маънои онро дорад, ки «Ҳурон-фариштагон» дар рӯи замин «Ҷамъ» омада, барои худ як биҳиште меофаранд ва ман ин биҳиштро дар сарзамини Тоҷиён мебинам. Бал ки дар таърихи дуродури томелодӣ, яке аз маликони Ҳиндии порсинажод, Ҷамҳур ном дошт, кӣ Ҳаким Фирдавсӣ, дар шоҳасараш аз он малики Ҳиндӣ ёдовар шудааст:
Ҳунарманд Ҷамҳури фархундагӯй,
Сарафрози бо донишу обрӯй.
Бад-у шодмон зердастони ӯ,
Чи шаҳрӣ, чи аз деҳпарастони ӯ.
Варо буд Кашмӣр, то марзи Чин,
Бар ӯ хондандӣ меҳон, офарин.
Мафҳуми калимаи Тоҷ-ик, маънои Тоҷ-ак гуфтанро дорад, кӣ решаи калима «Тоҷ» буда, пасоянд ва ё ба истилоҳ суфикси «ак» навозишмандонаву ҳалимона талаффуз намудани «Тоҷӣ» мебошад. Дар забони гуфтугӯии мо қабул гардидааст, кӣ «мард»-ро ҳалимона, «мардак» мегӯянду, «зан-«ро меҳрубонона, «занак» мегӯянд ва ин гуна гуфтор дар миёни мардумони мо зиёд аст. Дар мамлакати Эрону Афғонистон, мардро, мардак ва ё занро, занак гуфта садо кунанд, сахт меранҷад. Вале миллати мо узви ҷудонашавандаи Порси қидим асту забонамон Паҳлавӣ. Азбаски аз сулолаву нажоди Тоҷдорону Озодазодагонем, барои ҳамин ҳам моро Тоҷӣ меноманд. Тоҷиёнро кӯчаку андак тасаввур накунед. Гарчанде шумораи нуфуси аҳолӣ дар миқёси ҷумҳуриамон, нуҳ (9) миллион нафар ба қайд гирифта шуда бошад ҳам, дар асл шумораи Тоҷиёне, ки бо амри сарнавишт, аз даврони Маҳмуди Ғазнавию Чингиз, Темурлангу Ленину Сталин фироригаштаи дар рӯи олам пошхурда, бидуни Тоҷиёни махлутшуда, зиёда аз 300 миллионанд. Фақат дар Ҳиндустон, зиёда аз 320 милион мусулмононанд, кӣ аксарияти онҳоро Тоҷикон ташкил менамоянд. Воқеият ин буд, ки дар охири асри 19 аниқтараш, соли 1895-ум, ду императории абарқудрат, Бритониёи Кабиру шоҳигарии Рус, барои таъмини бехатарии хеш, тасмим гирифтанд, кӣ кишвареро бо номи Афғонистон, ҳамчун сипар (буфер) бунёд кунанд. Дар натиҷаи ин тақсимбандӣ бештар аз ҳама миллати Тоҷик зиён дид. Аз ҳама аламовар он аст, ки мо қариб, ки байни ҳамдигар равобити хешутабориву қавмӣ, милливу фаҳангӣ надорем. Ин ду императорӣ, ҳеҷ таваҷҷуҳе ба таъриху фарҳанг, эътиқоду қавмият ва вазъи иҷтимоии мардумони ин сарзамин надоштанд, ба ҷуз аз аҳдофи империалистонаи худхоҳи худашон.
«Порс»-ро барои он «форс» ва ё «пирӯз»ро барои он «фирӯз» мегӯянд, кӣ дар тӯли заёда аз 1400 сол маданияти сарзамини Порсҳо бо хату алифбои Арабӣ амал мекунад ва дар алифбои Арабӣ ҳарфи «П» вуҷуд надорад. Шоҳ Хусрави-1, шаш писаре, ки дошт, писари меҳтарашро бо бузургдошти падарбузургаш, Ҳур-музд ном ниҳода буд, кӣ маънои «музди ин шоҳзодаи фаррухчеҳра, ҳурри биҳишти аст» гуфтанро дорад ва соли 579-и мелодӣ тахти шоҳаншоҳиро ба писари бузургаш, Ҳурмузд супурд, чуноне, ки дар шоҳномаи адиб ФирдавсииТӯсӣ омадааст:
Навиштанд аҳде ба фармони шоҳ,
Ки Ҳурмуздро бод тахту кулоҳ.
Зи фармони Ҳурмузд бар магзаред,
Дами хеш бе ройи ӯ машмаред.
В-аз эшон ба Ҳурмузд нозонтарам,
Ба рою ба ҳушаш фурузонтарам
Аз эшон хирадманду меҳтар ба сол,
Гаронмоя Ҳурмузд буд беҳамол…
Мафҳуми тахаллуси Ҳаким Фирдавсӣ, маънои биҳиштиву ҷаннатӣ гуфтанро дорад, кӣ равзаи олии биҳиштро, «фирдавси барин» меноманд.
Мафҳуми калимаи «Паҳлавон» бошад, маънои «Паҳлавиён» гуфтанро дорад. Мардони кории танумандро бо забони туркӣ-ӯзбекӣ «Бӯ-ӯз-бола», яъне маънои «ин бачаи худамон ҳаст» мегӯянду, бо забони русӣ, «Великан» мегӯянд. Бо забони Тоҷикӣ бошад, Паҳлавон, яъне маънои «аз нажоди Поҳлавиён аст» гуфтанро дорад. Пешвои мардумони кишварамон, Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ, Эмом Алиӣ Раҳмон, дар вохурии дастфишорӣ бо президенти Амрико, Доналд Трамп, аз нажоди Паҳлавиён буданашонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд, ки ин вохуриро тариқи интернету расонаҳои хабариву телевизиони Россия, борҳо такрор ба такрор намоиш додаанд. Шоҳномаи адиб Фирдавсии Тӯсӣ низ, сар то по бо забони ноби Паҳлавӣ суруда шудааст, чуноне, ки худи ӯ мегӯяд:
Навиштам сухан чанд бар Паҳлавӣ.
Абар дафтару коғази Хусравӣ.
Ниҳодам ба ганҷӯр, то рӯзгор,
Барояд, бихонад магар Шаҳриёр.
Зи ҳафтод чун солиён баргузашт,
Сару риши мушкин чу кофур гашт.
Чу ман бигзарам з-ин сипанҷи сарой,
Ҷаҳонро бибояд яке кадхудой…
Вожаи «муҳтарам» ва ё «меҳтарам», калимаи пок форсӣ- паҳлавӣ буда, маънои «бузургам», «сарварам» гуфтанро дорад, ки решаи калима аз вожаи «меҳ» иборат мебошад. Антоними вожаи «меҳтар», «кеҳтар» мебошад, яъне «бузӯргу хурд». Дар хонадон, ду бародар бошад, яке «меҳтар», яъне бузург асту дигаре «кеҳтар», яъне барордари хурдӣ аст, кӣ бо иқтибосе аз шоҳнома равшаноӣ мебахшем:
Ба яздон расӣ «меҳу кеҳтар» якест,
Касеро ҷуз аз бандагӣ кор нест.
«Кеҳу меҳ», талабгори умранду бас,
Касеро ба мурдан наояд ҳавас.
Дар гуфтор бо шакли эҳтиром низ касро эҳтиромона «муҳтарам» мегӯянд, чуноне, ки адиб Фирдавсӣ дар Шоҳнома, аз забони Шоҳ Яздигирд мегӯяд:
Нахустин чунин гуфт бо «меҳтарон»,
Ки «эй пурҳунар бо гуҳар сарварон».
Ки «кеҳтар» ба «кеҳ» дораму «меҳ» ба «меҳ»,
Фаровонхирад бошаму рӯзбеҳ.
Ҳар он номвар, к-у надорад хирад,
Зи тахти бузургӣ куҷо бархурад?
Намонад бар ин хок ҷовид кас.
Зи ҳар бад ба Яздон паноҳеду бас…
Манзӯри сухани Шоҳ Яздигирд, падарбузӯрги Шоҳ, Хусрави-1 ин аст, кӣ ҳар касро мувофиқи илму донишу маърифаташ ба мансаби муносиб мегузорам, кӣ мафҳуми вожаи «мансаб» низ, худ маънои «муносиб» буданро дорад.
Дар ҷои дигар мафҳуми меҳтарро чунин баён мекунад:
Ба сол ар бародар зи ман «меҳтар» аст,
На ҳар к-у бувад «меҳтар», ӯ беҳтар аст.
Ҷаҳонҷуй бар тахти зарин нишаст,
Дари ранҷу дасти бадиро бубаст.
Агар бахти пирӯз ёрӣ диҳад,
Маро дар ҷаҳон комгорӣ диҳад.
Биёмад ба тахти «меҳӣ» барнишаст,
Миён баста буду кушода ду даст.
Дар равшаноӣ ба вожаи «муҳтарам» бо ин қадар гуфтор кифоят намудем.
Вожаи «Ҷан-об», аз ду решаи калима иборат аст, кӣ ҳарду решаи калима, маънои хоси худро дорад. Азбаски тамоми ҷонзоди зиндаи рӯи олам аз қабили набототу ҳайвоноту одамӣ 72% дар сад ба об эҳтиёҷ дорад, барои ҳамин ҳам паёмбарону олимону подшоҳонро аз рӯи иззату эҳтиром, «Ҷан-об» меноманд. Яъне, паёмбарону подшоҳону вазирон, барои «ҷон»-ҳои мардумони ҳамон мулку мамлакат, ба манзалаи «об»-анд, ки ҳеҷ як «ҷонзоди зинда» бе «об», арзи вуҷуд намуда наметавонад.
Мафҳуми вожаҳои Мер ва Пьер-е, ки ҳамчун рутба ва ё мартаба дар тамоми давлатҳои рӯи олам, хоса дар мамолики аврупоӣ истифода мекунанд, ҳамин Миру Пири қадимаи форсии Тоҷикӣ мебошад. «Мир»-ҳо, омили рӯшду нумӯъ ва сулҳу салоҳ, амну амонии мардумони ҳар як шаҳру вилоят мебошанд. «Пир»-ҳо бошанд, омили дину имони мардумони ҳамон мулку мамлакат мебошанд, ки тамоми кишварҳои Аврупоӣ бо вуҷуди Мир доштан, ба худ Пир низ, доранд, чуноне,кӣ Мавлонои Балхӣ мегӯяд:
Пир, тобистону халқон тирамоҳ,
Халқ, монанди шаб асту, Пир, Моҳ.
Баргузин аз ройи Пири кордон,
Пирро бигзину айни роҳ дон.
Ва ё дар ҷойи дигар:
Пири манну муроди ман, дарди ману давои ман,
Фош бигуфтам ин сухан, Шамси ману Худойи ман.
Мафҳуми калимаи Мир-зо бошад, маънои «зояндаи сулҳу салоҳ» гуфтанро дорад, кӣ аксари бузургони олам амсоли, Хусрави Деҳлавию Алии Ҳамадониву Бедилу Сайидову дигару дигарро, Миру Мир-зо тахаллус додаанд. Ин абармардони роҳи илму маърифат дар эҷодиёташон, сулҳу салоҳро дар миёни мардумон ташвиқу тарғиб намудаанд, чуноне, ки Амир Хусрави Деҳлавӣ мегӯяд:
Касе бар сари халқ зебад Амир,
Ки дармондагонро бувад дастгир.
Карам кун, чу дасти ту болотар аст,
Ки бахшоиш аз хашм, зеботар аст.
Туро чун зи Яздон бузургӣ атост,
Ба таъҷил расми сиёсат хатост.
Раҳмат Шералиев, омӯзгор
(Идома дорад)
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ