Гуфтугӯи телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Қосим Ҷомарт Тоқаев
Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои қазоқаш Қосим Ҷомарт Тоқаев атрофи муноқишаҳои марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон суҳбати телефонӣ кард.
Тавре ки хабаргузории Sputnik дар такя ба маркази матбуоти Президенти Қазоқистон хабар медиҳад, Қосим Ҷомарт Тоқаев аз вазъи пуршиддат дар марз бо Қирғизистон, ки ба амнияти ҳам давлатҳои ҳамсоя ва ҳам шаҳрвандони онҳо таҳдид мекунад, изҳори нигаронӣ кардааст.
«Президенти Қазоқистон иброз дошт, ки чунин масъалаҳои мураккаб, аз қабили гузариши хати сарҳад бояд дар ҷараёни гуфтушуниди созанда, дар рӯҳияи эътимод ва дӯстии тарафайн ҳал карда шаванд», — афзудааст манбаъ.
Ба гуфтаи вай, ҳоло нишон додани худдорӣ, ҷилавгирӣ аз афзоиши амалиёти низомӣ ниҳоят муҳим аст.
Қосим Ҷомарт Тоқаев аз созиш дар бораи баргузории як ҳамоиш дар Душанбе бо ҳадафи ба даст овардани созишҳои оқилона барои пешгирии чунин ҳодисаҳо дар оянда истиқбол кард.
Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон ба Қосим Ҷомарт Тоқаев дар бораи таърихи муноқишаи марзӣ ва вазъи кунунии марз муфассал иттилоъ додааст. Сарони давлатҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо мақсади мубодилаи афкор оид ба вазъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ робитаҳои доимии корӣ доранд. Идораҳои дахлдори ду кишвар дар самти омодагӣ ба нишасти сарони давлатҳо кор хоҳанд кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ