Гуфтугӯи телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин

Президенти Русия Владимир Путин ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарвари давлат, 24 феврал сарони ду давлат ҷараёни иҷрои тавофуқҳоеро, ки дар пайи сафари Президенти Тоҷикистон ба Русия рӯзи 24 декабри соли 2024 ҳосил шуда буд, дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, энергетикӣ, амниятӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ баррасӣ намуданд.

Ҳамчунин, ҷонибҳо масъалаи рушди ҳамкориҳои ду кишварро мавриди муҳокима қарор додаанд. Гуфта мешавад, ки натиҷаи ин суҳбат дастурҳои сарони давлатҳо ба ҳукуматҳо ва идораҳои дахлдор хоҳад буд.

Сарони давлатҳо аз сатҳи баланди шарикӣ ва иттифоқи стратегии Русия ва Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image