Гуфтугӯи Қазоқистон бо ҳайати Чин дар пайи эътирози нафткашҳо
Ҳукумати вилояти Оқтеппаи Қазоқистон рӯзи 14 октябр эълом кард, ки бо ҷониби Чин гуфтугӯ мекунад. Ин гуфтугӯ дар ҳоле сурат мегирад, ки коргарони ширкати нафткаши муштараки Қазоқистону Чин «СНПС-Оқтеппамунайгаз» ахиран даст ба эътироз зада буданд.
Коргарони ширкати мазкур аз миёнаҳои моҳи сентябри соли ҷорӣ ба ин тараф афзоиши маошашонро талаб доранд.
«Ҳайати Чин мегӯяд, даромади ширкат аз фармоишгарон вобаста аст. Давоми 10 соли охир тарофаҳои ширкат тағйир наёфтаанд. Дар ин муддат дар кишвар беқурбшавии асъор сурат гирифт, тағйироти дигаре рух дод. Мо пешниҳод кардем, ки тарофаҳои нафткашӣ тағйир дода шаванд, то мушкилоти иқтисодӣ ҳал гардад», — гуфт Кайрат Бекенов, ҳокими вилояти Оқтеппа.
Ҳайати Чин тасмим дорад, баъди омӯзиши ҳуҷҷатҳои молии ширкат дар мавриди боло бурдани маоши коргарон изҳори назар кунад.
Коргарони қазоқистонии ширкати муштараки нафткаш 11 октябр 50 дарсад боло бурдани маошашонро талаб карданд.
Ба иттилои мақомот, дар ширкати нафткаши «СНПС-Оқтеппамунайгаз» 1200 кас кор мекунад, ки аз ин ҳисоб 10 дарсад шаҳрвандони Чин ва боқимонда шаҳрвандони Қазоқистон ҳастанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ