Гуфтугӯи нахустини Путин ва Зеленский

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия бори нахуст бо ҳамтои украиниаш Владимир Зеленский дар гуфтугӯи телефонӣ вазъ дар шарқи Украинаро баррасӣ ва табодули афкор намуд.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия бори нахуст бо ҳамтои украиниаш Владимир Зеленский дар гуфтугӯи телефонӣ вазъ дар шарқи Украинаро баррасӣ ва табодули афкор намуд.

Раҳбарони ин ду кишвар имкони гуфтугӯ дар «шакли нормандӣ»-ро баррасӣ карданд. Пештар Путин барои гуфтугӯ бо Зеленский шартҳоеро дар миён гузошта буд. Ба гуфтаи ӯ, баргузории мулоқоти нави раҳбарони кишварҳои «чаҳоргонаи нормандӣ» танҳо пас аз интихоботи порлумонӣ ва ташкили ҳукумати нави Украина имкон дорад. Путин ҳамчунин гуфт, зидди тавсеаи шакли гуфтугӯҳо нест.

Дар «шакли нормандӣ» раҳбарони Фаронса, Олмон, Украина ва Русия вазъ дар Донбассро баррасӣ мекарданд. Зеленский пешниҳод кард, ки бо иштироки ИМА дар шаҳри Минск гуфтугӯҳои нав оғоз карда шавад.

Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар вокуниш ба пешниҳод гуфт, Зеленский ин масъаларо ба ҷои дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук матраҳ кардан «аввал бояд бо Москва баррасӣ мекард».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *