Гуфтушунид чӣ натиҷа дод? Оё Киеву Маскав ба мувофиқа расиданд?
Ҳайатҳои музокиракунандаи Украина ва Русия дар минтақаи Гомели Белорус
Гуфтушуниди як ҳайати Украина бо намояндагони Русия, ки ба сабаби таҷовузаш ба Украина зери таҳримҳои сахти иқтисодии кишварҳои ғарбӣ қарор гирифт, шоми 28-уми феврал ба поён расид. Намояндагони ду тараф пеш аз даври дувуми музокирот барои машварат ба пойтахтҳои худ рафтаанд. Мулоқот бо гузашти панҷ рӯз аз ҳамла дар марзи Ҷумҳурии Белорус баргузор шуд.
Дар бораи ҷамъбасти мулоқот хабаргузории давлатии РИА «Новости» бо такя ба мушовири президенти Украина Михайло Подоляк ва раиси ҳайати Русия Владимир Мединский хабар дод. Мединский гуфтааст, «розӣ шудем музокиротро идома бидиҳем» ва афзудааст, ки «даври нави мулоқот рӯзҳои наздик дар сарҳади Лаҳистону Белорус баргузор хоҳад шуд».
Дафтари матбуоти президенти Украина гуфт, ҷонибҳо дар мулоқоти рӯзи 28-уми феврал «як қатор масъалаҳои калидиро ба таври муфассал баррасӣ карданд».
Раёсати ҷумҳури Украина пеш аз музокирот гуфта буд, ки Киев барои оташбаси фаврӣ ва хуруҷи неруҳои Русия аз Украина фишор хоҳад овард.
Нияти Аврупо ва Украина чӣ буда метавонад?
Мулоқот дар ҳоле баргузор шуд, ки ба гуфтаи Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, ҳамлаи Русия «рӯз ба рӯз золимонатар мешавад». Боррел 28-уми феврал дар нишасти матбуотӣ дар Брюссел гуфт, неруҳои мусаллаҳи Украина ҷасурона дар муқобили неруҳои Русия меҷанганд, аммо афзуд, ки талафот дар байни ғайринизомиён зиёд шудааст ва «мавҷи одамон дар ҷустуҷӯйи паноҳгоҳ ва фирор аз ҷанг низ афзоиш меёбад».
Бино ба гузоришҳо, рӯзи 28-уми феврал шаҳрҳои Харков ва Чернишёв зери бомбаборони сахти неруҳои Русия мондаанд. Антон Герашенко, мушовири вазири умури дохилии Украина рӯзи 28-уми феврал гуфт, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои мушакии Русия дар Харков даҳҳо нафар кушта шудаанд,- менигорад Радиои Озодӣ.
Маскав гуфт, ки шаҳрҳои Бердянск ва Энергодар дар вилояти Запорожйе дар ҷанубу шарқи Украина ва манотиқи атрофи нерӯгоҳи атомии Запорожйеро гирифтанд.
Раиси ҷумҳури Украина дар як муроҷиатномаи нав рӯзи 28-уми феврал аз сарбозони рус хост, то силоҳҳояшонро ба замин бигзоранд ва кишвари ӯро тарк кунанд. Ӯ дар ин муроҷиаташ мегӯяд: “Силоҳҳоятонро гузореду аз инҷо биравед. Ба фармондеҳонатон бовар накунед. Ба таблиғотгаронатон бовар накунед. Ҷони худро ҳифз кунед”.
Дар натиҷаи ҷанг то кунун 4500 сарбози рус кушта шудаанд, вале то ҳол иттилои тасдиқшудае дар ин бора дар даст нест. Русия эътироф кард, ки теъдоде аз сарбозони кишвар куштаву маҷруҳ шудаанд, вале шумораи дақиқеро нагуфтаанд.
Чӣ боис гашт, ки «Русияро бо Эрон дар як мавқеъ қарор медиҳанд»?
Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймонҳояш таҳримҳоро алайҳи муассисаҳои молии Русия бештар кардаанд. Ҷен Псаки, сухангӯи Кохи Сафед гуфт, “таҳримҳое, ки эълон кардем, Русияро бо Эрон дар як мавқеъ қарор медиҳад. Онҳо аз низоми байнулмилалии бонкӣ берун карда шуданд. Мо ҳамчунин нисбати 80 дарсади бонку муассисаҳои молии Русия таҳрим эъмол кардем. Ин на танҳо тиҷоратро барои президент Путин ва ҳукумати Русия мушкил мекунад, балки кумак ва маблағгузорӣ ба бахши низомӣ дар ин кишварро душвору номумкин месозад”.
Президенти Русия Владимир Путин, ки рӯзи панҷшанбе амри ҳамла ба Украинаро содир кард, ин таҳримҳои кишварҳои ғарбиро “хасмона” номид ва ба неруҳои боздорандаи ҳастаии кишвараш дастур дод, ки дар ҳолати омодабош қарор гиранд.
Оксана Маркарова, сафири Украина дар Амрико гуфт, ки “ин як ҷанги саросарӣ ва ноодилона аст ва фурсати он аст, то тоҷирони амрикоӣ дар бораи он андеша кунанд. Ман, ҳамчун вазири собиқи молия медонам, ки манофеи тиҷоратӣ чист ва онро дарк мекунам. Аммо фикр мекунам, фурсати он аст, ки обрӯи худро ҳифз кунанд ва бо режиме кор накунанд, ки барои он чӣ ки бо Украина карданду мекунанд, дар Додгоҳи Гаага нишинанд”.
Чаро аз Украина ҷаҳон пуштибонӣ дорад?
Ҳафтаи гузашта неруҳои Украина, ки ғайринизомиён ҳам дар канорашон ҳастанд, ба талошҳои неруҳои Русия барои пешравӣ ва шикаст додани шаҳрҳои бузург муқовимат карданд. Вазорати дифои Украина як видеои собитнашудаеро нашр кард, ки нишон медиҳад, ҳавопаймои бидуни сарнишин корвони артиши Русияро нобуд мекунад. Вале айни замон даъват ба тақвияти неруҳои Украина идома дорад.
Том Коттон, вакил аз Ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрико мегӯяд, “фурсати он расидааст, ки тамоми муассисаҳои молии Русияро аз тамоми ниҳодҳои байнулмилалии муомилоти пулӣ берун кунем. Вақти он расидааст, ки бар зидди содироти нафту гази Путин, манбаи асосии даромадаш таҳрим ҷорӣ кунем. Бояд бошитоб ба ҷабҳа аслиҳа фиристем. Аслиҳаи зиддитанкӣ, зидди ҳавопаймоҳо, снайпер, маводи сӯхт. Ин корро бояд як ҳафта пеш мекарданд, украиниҳо дигар вақт надоранд”.
Дар саросари ҷаҳон тарафдорони Украина бо талаби қатъи ҷанг раҳпаймоӣ карданд. Аз ҷумла, дар Вашингтон, ки қарор аст онҷо Ҷо Байден рӯзи сешанбе паёми солонаашро ба Конгресс ироа кунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ