Гуфтушунидҳо бо Рустам Азимов ва ҳамкориҳои минбаъдаи ду ҳамсоя

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, хостгори бекор ё содда кардани низоми виза бо Узбекистон шуда, аз кишвари ҳамсоя даъват кардааст, содироту воридоти нерӯи барқро дубора ба роҳ монанд.

 

 Эмомалӣ  Раҳмон рӯзи 27 декабр дар мулоқот бо Рустам Азимов – муовини сарвазири Узбекистон – дар Душанбе гуфт, ки Тоҷикистон аз ташаббуси Тошканд барои азсаргирии парвозҳо миёни ду кишвар истиқбол мекунад ва ҳамзамон «хостори барқарории қитъаҳои роҳи оҳан, паст намудани тарифҳои ҳамлу нақл ва ҳалли масъалаҳои марзӣ аст.»

Тарафҳо дар бораи вазъу дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар сӯҳбат карда, «роҳи рафъи монеаҳоро баррасӣ намуданд.» Дар мулоқот, инчунин, масъалаи марбут ба вазъи сиёсиву низомии минтақа ва ҷаҳон, тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ баҳс шудааст. Рустам Азимов, муовини сарвазири Узбекистон, дар раъси як ҳайати расмӣ рӯзи 27 декабр вориди Тоҷикистон шуд ва дар ҷаласаи Кумисюни байниҳукуматӣ дар Душанбе иштирок мекунад. Ин сафари нахустини ҳайати Узбекистон ба Тоҷикистон баъд аз марги Ислом Каримов ва ба раёсати ҷумҳурӣ расидани Шавкат Мирзиёев аст. Тарафи Тоҷикистонро дар ҷаласаи Кумисюни байниҳукуматӣ Давлаталӣ Саид – муовини аввали сарвазир – раҳбарӣ мекунад.Ҷаласаи Кумисюни байниҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон баъд аз зӯҳри 27 декабр дар бӯстонсарои ҳукумат дар Душанбе оғоз шуд.Дар нишаст рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, ташкили корхонаҳои муштарак, масоили марбут ба нақлиёту роҳ, обу энержӣ баррасӣ шавад.»Дар Вазорати умури хориҷӣ дар бораи имкони баррасии низоми виза миёни ду кишвар ибрози бехабарӣ карданд.​ Аммо қаблан манобеи ҳукуматҳои Тоҷикистону Узбекистон аз эҳтимоли содда шудани муқаррароти виза хабар дода буданд. Аз ҷумла, таъкид шуда буд, баъди азсаргирии парвозҳо миёни Тошканду Душанбе, мумкин аст, мусофирон визаи ду кишварро дар фурудгоҳҳо дарёфт кунанд. Аз соли 2000 миёни Узбекистону Тоҷикистон низоми раводид ҷорӣ аст.Ба эътиқоди коршиносон аз миён бардоштани виза ё ҳадди ақал содда гардондани тартиби дарёфти он, аз масъалаҳои калидӣ миёни Тоҷикистону Узбекистон ба шумор мешавад. Дар моҳи сентябри соли 2000 миёни ин ду кишвар муқаррароти виза ҷорӣ шуда буд. Ба гуфтаи Абдумалик Қодиров, коршиноси мустақил, имкон дорад дар нишасти Кумисюни байнидавлатии Тоҷикистону Узбекистон масъалаи виза низ матраҳ шавад. «Ин амр метавонад ба тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию илмӣ миёни Тоҷикистону Узбекистон мусоидат кунад», — афзуд ӯ.​То ҳол барои дарёфти визаи Тоҷикистону Узбекистон санадҳои зиёд, аз ҷумла, даъватнома бо тасдиқи мӯҳри мақомоти маҳаллӣ лозим буда ва дар сурати пазируфтани ҳуҷҷатҳо, шахси ниёзманд бояд то 10 рӯз интизори виза шавад. Пас аз ҷорӣ шудани муқаррароти виза дар соли 2000 сокинони манотиқи наздимарзии Тоҷикистону Узбакистон метавонистанд ба муддати то 5 рӯз бидуни виза вориди ин кишварҳо шаванд. Вале дар пайи тира шудани робитаҳо дар даҳ соли ахир, ин муқаррарот иҷро нашуда ва афзун бар ин бахши умдаи гузаргоҳҳо дар марзи Тоҷикистон ва Узбекистон баста шуданд.Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, рӯзи 27 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, боз кардани роҳҳои заминӣ — роҳи оҳан ва равуои автобусҳо миёни Тоҷикистону Узбекистон низ дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ баррасӣ хоҳад шуд. «Ин иртибот дар соли 1992 гусаста шуда буд. Ҳоло тарҳи созишнома «Дар бораи муносибатҳои нақлиёти автомобилӣ» миёни Тоҷикистону еомода шуда ва барои баррасӣ ба Комиссияи  байнидавлатӣ пешниҳод шудааст», — афзуд ӯ.Ганҷалзода гуфт, ҷонибҳо ин санадро ҳаматарафа муҳокима карда ва пешниҳодҳои худро дар ин замина ироа мекунанд. Сипас ин санад аз ҷониби мақомоти Тоҷикистону Узбекистон дар сатҳи вазирони нақлиёт ё умури хориҷӣ имзо хоҳад шуд.Узбекистон тайи бештар аз 25 соли раҳбарии Ислом Каримов ба як кишвари пӯшидаи Осиёи Марказӣ табдил шуда, бо ҳамсояҳояш низ марзҳои минакоришуда ва низоми шадиди раводид ҷорӣ карда буд. Дар 20 соли охир робитаҳои Тоҷикистону Узбекистон тадриҷан маҳдуд шуд ва мизони додугирифти тиҷоратӣ ва иқтисодӣ низ аз 500 миллион доллар дар оғози солҳои 2000 то ҳамагӣ 12 миллион доллар дар соли 2015 коҳиш ёфт.Баъди даргузашти Ислом Каримов дар моҳи сентябри имсол зоҳиран муносибати Тоҷикистону Узбекистон ба марҳилаи нав ворид шудааст ва то кунун як гурӯҳ аз тоҷирони узбакистонӣ ба вилояти Суғд омада, вазири корҳои хориҷии Узбекистон Абдулазиз Комилов низ дар Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон гуфтугӯ анҷом дод. Тарафҳо тавофуқ кардаанд, ки парвозҳо миёни Душанбеву Тошканд моҳи январи соли оянда аз сар гирифта шавад.Инчунин, аз ибтидои соли 2017 Тошканд мехоҳад, дар Душанбе намоишгоҳи бузурги маҳсулоти Узбакистон, аз саноати мошин то маводи ғизоиро баргузор кунад. Қарор аст, дар ҳошияи ин намоишгоҳ нахустин форуми соҳибкорони узбаку тоҷик дар таърихи ду кишвар барпо шавад. Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамчунин дар ояндаи наздик метавонанд дар бораи ҷудо кардани бурсияҳои таҳсил ба донишҷӯёни ҳамдигар низ ба созиш бирасанд. Беҳтар шудани масъалаи ташкили сафари ҳайатҳои эҷодӣ ба кишварҳои ҳамдигар низ истисно нест.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *