Гуфтушуниди Азим Иброҳим бо ширкатҳои Эрон атрофи нақби «Истиқлол»
Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо ширкатҳои сохтмонии Эрон, ки ба таъмиру навсозии нақби мошингарди “Истиқлол” машғуланд, гуфтушунид кард.
Ҳадаф аз мулоқот гузаронидани мушоҳидаҳои техникӣ, таҳлили ҷараёни имрӯзаи сохтмон ва татбиқи шартномаи марҳилаи дуюми лоиҳаи сохтмони нақби автомобилгарди «Истиқлол» мебошад.
Нақби “Истиқлол” дар 90-километрии шимоли Душанбе, дар роҳи мошингарди Душанбе — Хуҷанд воқеъ буда, дарозии он 5,2 километр аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ