Гугуш ва мудири GEM TV -ро ба зиндон маҳкум карданд

Бино ба гузориши як нашрияи наздик ба қувваи қазоия (додситонӣ)-и Эрон, овозхони машҳури эронӣ Гугуш ғоибона ба 16 соли зиндон ва мудири телевизиони дар Тоҷикистон низ маъруфи GEM TV Саид Каримиён ба 6 соли зиндон маҳкум шудаанд.

Нашрияи «Ҳимоят”-и наздик ба қувваи қазоияи Эрон дар шумораи баҳманмоҳаш исми чанд нафареро нашр кардааст, ки дар ғайбашон маҳкум ба зиндон шудаанд. Дар байни онҳо Фоиқа Оташин, маъруф бо тахаллуси Гугуш, овозхони саршиноси эронӣ низ ҳаст, ки ғоибона 16 сол ҳукми зиндон гирифтааст. Мудири шабакаи дар Тоҷикистон пуртамошобини GEM TVСаид Каримиён низ ба 6 соли зиндон маҳкум шудааст.

Ҳамчунин хабарнигори эронӣ Некоҳанг Кавсар ва блогнавис Марзия Ормин ба 4 сол, фаъоли иҷтимоӣ Амин Рустамӣ ба 7 сол ва аксбардор Торо Инонлу ба 1 соли зиндон маҳкум шудаанд.

Нашрияи «Ҳимоят” маъмулан огаҳинома дар бораи ҳукми онҳоеро, ки дар хориҷ аз кишвар қарор доранд ва дар Эрон маҳкум шудаанд, бар асоси қонуни Эрон барои он нашр мекунад, ки ин афрод аз ҳукми худ огаҳии расмӣ пайдо карда ва имкони шикояти расмиро дошта бошанд.

Дар огаҳиномаи нашркардаи «Ҳимоят” танҳо гуфта мешавад, ки ҳукми Фоиқа Оташин (Гугуш) ва афроди дигари зикршуда аз сӯи шӯъбаи 25-уми додгоҳи инқилобии Теҳрон содир шуда, таблиғ алайҳи низом, сӯиқасд ба амнияти Эрон ва тавҳину тӯҳмат нисбат ба мақомоти баландпояи ин кишвар аз ҷумлаи ҷурмҳои ин афрод ном бурда мешавад.

Фоиқа Оташин, ки бо номи Гугуш дар байни мухлисон маъруф аст, соли 1951 дар Теҳрон ба дунё омада, аз ибтидои солҳои 70 дар раддаи аввали маъруфтарин хонандагони Эрон қарор гирифт. Баъди пирӯзии инқилоби исломӣ дар соли 1979 Гугуш аз саҳна канор рафт ва хонашин шуд.

Ӯ дар соли 2000 тарки Эрон кард ва дигарбора ба саҳна баргашт.

Гугуш асосан дар Амрико ба сар мебарад ва аз соли 2000 ба ин тараф 7 албоми таронаҳояшро вориди бозор кардааст: «Зардушт” (соли 2000), «Охирин хабар” (2004), «Манифест” (2006), «Шаби сапед” (2008), «Ҳаҷми сабз” (2010), «Эъҷоз” (2012) ва «Акси хусусӣ” (соли 2017).

Аммо агар Гугуш дар ибтидо асосан таронаҳои ошиқона мехонд, дар албомҳои ахиран ӯ ба масоили сиёсӣ бештар рӯ овардааст. Гугуш ҳамин тавр, дар мусоҳибаҳояш бо матбуот аз низоми кунунии ҳоким дар Эрон интиқод мекунад.

Шабакаи телевизионии GEM TV, ки раҳбари он Саид Каримиён низ дар ғайбаш ба 6 соли зиндон маҳкум шудааст, яке аз маъруфтарин телевизионҳои форсизабон шумурда мешавад. GEM TV беш аз 10 канали телевизионии мухталифи махсуси мусиқӣ, варзиш ва тафреҳиро мечархонад, вале бештар бо тарҷумаи форсии сериалҳои туркӣ тамошобини зиёд ҷамъ кардааст. Сериали пуровоза дар бораи Султон Сулаймон ва Хуррам -Султон ва сериали нав дар бораи Кусем -Султонро тамошобинони тоҷик тавассути ҳамин шабакаи эронӣ тамошо мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *