Гулҷаҳон Бобосодиқова: Аз зиндагӣ диплом гирифтаам

Ӯ маро дар ҳавлиаш пешвоз гирифт. Ҳанӯз босалобату чаққон ва ҷиддӣ. Ҳамроҳ  хонааш даромадем: таъмири миёна, мебелҳои чехии замони шӯравӣ, қолии куҳна, телевизори рангаи пештара, дар девор ду- се мусаввара (асл) ҷевон пур аз китобу сувенир, ҳайкалчаи Абуалӣ ибни Сино ва ду- се китоби Қуръон… Аммо ҳама боназокат ва  озода. Аз ашёҳои муосир танҳо мизу курсӣ… Худаш чолок ҷумбуҷӯл мекунад, акс меёбад, китоберо дармеорад ва барои мусоҳиба омодагӣ мегирад.  Баъдан, рӯ ба рӯям мешинад ва зуд – зуд ба соат менигарад, гӯё саросема аст:

-Чӣ қадар давом мекунад, ман ҷудоям серкор…

-Ягон соат.

-Як корманди шумо ду — се сол аз паси ман буд, ки мусоҳиба гирад, аммо розӣ намешудам. Баъдан, дар хабарҳо хондам, ки аз дунё гузаштааст. Номаш чӣ буд?… Аҳмад…

-Кароматуллоҳи Аҳмад.

-Бале, ҳамон. Аммо ман гирифториҳои зиёд доштам ва хоҳиши мусоҳиба дар дилам набуд. Аммо бинед, вай бечора…

 — Гулҷаҳон Бобоевна, шумо дар биное зиндагӣ мекунед, ки дар он Мирзо Турсунзода, Носирҷон Маъсумӣ ва Абдулғанӣ Мирзоев зиндагӣ мекарданд. Ҳамсояи шумо, ки шарафи ҳамкорӣ бо ӯро доштед, Мирзо Турсунзода мегӯяд: «Синну соли зан ба кас пурсидан аз одоб нест…» Аммо зиндагии як арбоби давлативу сиёсии амсоли шумо, тавъам ба таърихи кишвари мост. Шумо 80 — сола шудед. Ин ҳама рӯзҳо гузаштанд, ин ҳама курсиҳоро нишаста шуданд… Аз зиндагиатон  ба чӣ хулоса расидед?

-Хулоса кардан ба худи шахс осон нест. Албатта, саҳифаҳои ҳаётро варақ зада мебинӣ, ки чӣ кори аниқ ва чӣ аз ту нишона мемонад?    Ман шукр мекунам, ки дар баробари иҷрои вазифаҳои ҷамъиятиву сиёсӣ оилаи обод бунёд карда тавонистам. Бо шавҳарам, номзади илмҳои геологӣ қариб 50 сол зиндагӣ кардем. Албатта, барои як зан ҳам оиладор будан, ҳам фарзанддор будан ва ҳам кори сиёсӣ кардан душвор аст. Аммо гумон мекунам, ки ин муваффақиятҳои ман ба модарам вобастагии калон дорад.

-Бубинед, барои як зан дар даврони шӯравӣ ва ҳатто имрӯз муваффақ шудан дар ҷодаи сиёсаст кори душвор аст. Шумочӣ гуна ба ин ноил шудед?

-Шароити зиндагӣ маро устувор тарбия кард. Дар 16 — солагӣ аз падар ятим мондам. Модарам талқин карданд, ки маълумоти олӣ гирам. Аз курси 3 аллакай кор мекардам ва аз ҳамон замон меҳнат шиори зиндагии ман буд. Ҳар як вазифае, ки ишғол мекардам, як мактаб ва як дипломи нави зиндагии ман буд.  Ҳамчунин, дар давраи ҷавонии мо як анъанаи хуб буд – пайвастагии наслҳо. Мо тарбияи  Низорамоҳ Зарипова, Ибодат Раҳимова ва дигаронро гирифтем.

-Кӣ истеъдоди роҳбарии шуморо кашф кард? 

— Солеҳ Ашӯрович Раҷабов. Он кас интеллигенти ҳақиқӣ ва шахси донишманд буданд. Дар як ҷаласа он кас маро ба ҳайати комсомол дохил карданд ва роҳи ман кушода шуд.

-Хислатҳои мардонагӣ дар шумо бештар аст. Ин аз куҷост?

-Аз модарам. Модарам – Фазилат Бобосодиқова аввалин зане ҳастанд, ки мудири шуъбаи кор бо занҳо буданд. Шояд хислатҳои мардонагӣ ва устуворӣ аз он кас ба ман гузашт. Аммо як чизро гуфтанӣ ҳастам, ки ман ҳеҷ гоҳ барои гирифтани  вазифа талош накардаам. Вақе ки аввалин маротиба маро котиби комсомоли шаҳр таъин мекарданд, ман гиря карда менишастам. Зеро ман ба аспирантура дохил шуда будам ва мехостам илмро давом диҳам. Аммо узви ҳизб будаму ҳуқуқи рад карданро надоштам. Ҳамин тавр, корҳои ҷамъиятӣ маро ба гирдоби худаш гирифт.

-Ҳоло машғули чӣ кор ҳастед?

— Тамоми умр барои таҳсил ва баланд бардоштани сатҳи саводнокии занҳо талош кардам. Бинобар  ин, дар давраи нооромиҳо Ташкилоти ҷамъиятии занҳои маълумоти олидорро таъсис додем ва 25 сол ман роҳбари он будам. Тӯли ин солҳо мо он нақшаҳое, ки дар назди худ гузошта будем амалӣ кардем ва бо талоши мо соли 1997 квотаи президентӣ барои духтарон роҳандозӣ шуд. Баъди 25 сол мо ба кори худ хотима бахшидем.  Ман имрӯз коршиноси масоили гендерӣ ва ҳуқуқи инсон ҳастам. Дар бисёр чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ маро даъват мекунанд ва ман ҳамчун коршинос машварат медиҳам, баромадҳо мекунам. Хурсандам, ки дар ин синну сол як фундаменти дониш ва таҷрибаи ҳаётӣ дорам, ки метавонам  онро ба ҷомеа пешниҳод кунам.

-Шумо солҳои котиби КМ буданатон  масъули бахши идеология будед. Баъди Истиқлолият ин соҳаи давлатдории мо каме суст шуд, ки бархе онро талаботи замони муосир ва ҷомеаи демокртаӣ меноманд. Шумо чӣ назар доред?  

-Ин соҳа бисёр соҳаи муҳим аст. Воқеан, вақти он аст, ки дар низоми идеологии ҷумҳурии мо каме ҷумбиш ба вуҷуд ояд. Аммо идеология бо иқтисодиёт баробар пеш меравад. Ман солҳо бо ташкилотҳои эҷодӣ ва инсонҳои бузург кор мекардам ва аз ин ифтихор дорам. Давраи кори ман ба авҷи эҷодиёти  Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Миршакар, рассомон, кинематографистон  ва ҳунармандони бузург рост омад. Албатта, кор бо инҳо дар баробари кайфият душвориҳо дорад. Дар байни аҳли зиё рақобат ва ҳамдигарнофаҳмӣ зиёд буд ва ҳаст, ки бисёреро гуфта намешавад. Зарбаи натиҷаи рақобати онҳо ба ман мерасид. Бинобар ин, баъзеҳо дар он давра аз ман раҷидаанд. Ҳатто вақтҳое  буд, ки баъзе масъалаҳо аз поён то ба ман намерасид, ман хабардор  ҳам набудам аммо мегуфтанд, ки Бобосодиқова гунаҳкор. Норозигии бархеи онҳоро хондам, аммо намеранҷам, онҳо хато фаҳмидаанд.

-Ман дар бораи шумо чизҳои зиёд хондаву шунидаам. Ҳам мусбат ва ҳам манфӣ. Аммо дар мавриди гирифтани пора, тамаъ кардан ишоре нест…

-Ин мактаби Ҷаббор Расулов аст. Он кас як маротиба нақл карданд, ки раиси колхози Ленини Пролетар Самадов вақте аз кор меояд, мошинашро берун аз деҳа мемонаду дасташ ба пушташ даруни қишлоқро гузашта, то хона меояд. То мардуми деҳа фикр накунанд, ки ӯ аз бағоҷаш чиз мефарорад. Ё як маротиба назди Расулов як олим меояд, ки портфели калон доштааст. Расулов мегӯянд, ки сумкаатонро берун гузошта дароед. Мактаби Расулов хоксорӣ ва чашмсериро меомӯзонид, зеро худи он кас тамоми умр покиза зистанд.

-Шумо боре пора гирифтаед?

— Агар рӯи дастархон нон мешуд, ман қасам мехӯрдам: Кӯр шавам, агар як тин пора гирифта бошам.

— Шумо то кай коммунист будед? 

— То соли 1991,  вақте депортизатсия шуд, аз комитети ноҳиявӣ билетамро ба ман бозгардониданд.

-Овоза ҳам шуд, ки Бобосодиқова билети партиявиашро сӯзонидааст…

-Медонам. Аммо билетам то ҳол дар дастам. Вақте бисёрҳизбӣ сар шуд, ман ба ягон ҳизб аъзо нашудам.

-Баъди гузашти ин қадар сол дар бораи шӯравӣ ва ҳизби коммунист чӣ андеша доред?

-Як маротиба аз ман суол карданд, ки  шумо тарафдори сохти капиталистӣ ё сотсиалистӣ? Ман гуфтам, ки ҳам хубиҳои инро гирифтан лозим ҳам аз он. Аммо гумонам ҳизби коммунистро  хубиаш зиёдтар  буд.

-Чӣ чизи бад дошт?

-Яккаҳизбӣ

-Бубинед, шумо дастпарвари он замон будед, аммо яку якбора ҳама барҳам хӯрд, арзишҳо дигар шуд. Шумо худро чӣ гуна ҳис кардед?

-Сеюним соли охири мавҷудияти шӯравӣ ман дар Маскав кор кардам. Бинобар ин,  гӯё омода будам.  Ман аз Маскав бо дониши нав, баргаштам ва дониши муосири ман ба ман имконият дод, ки ба ҳаёти нав ворид шавам. Аввал, масъалаи ҳуқуқи инсон ва баъдан  ташкили ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ғайра. Бинобар ин, соли 1991, 9 рӯз пеш аз Истиқлолият мо маҷлиси аввалини Ташкилоти ҷамъиятии занони маълумоти олидорро баргузор кардем.

-Шумо чаро баргаштед?

-Ман дар Ватанам будан мехостам.

-Шояд мехостед, ки мисли Ҳайдар Алиев фаъолияти сиёсиро идома диҳед?

-Не.

-Агар пешниҳод мекарданд, вазифа мегирифтед?

-Не, синну соли ман аллакай барои ишғоли вазифаҳо имкон намедод.

Аммо  Низорамоҳ Зарипова, ки дар синну сол аз шумо калонтар ҳастанд, вазифа гирифтанд.

-Он кас дар ҳамон давра сахт лозим буданд, зеро эшон лидер буданд, он касро мардум мешинохтанд, мардум аз пасашон мерафтанд, эҳтиромашон мекарданд. Бинобар ин,  будани эшон, иштирокашон бисёр нақши муҳим бозид. Аммо ман фикр кардам, ки кифоя, гарчанде маро борҳо даъват карданд.

-Барои ин савол қаблан  узр мепурсам… Дар хонаи шумо  китоби «Қуръон»-ро мебинам. Шумо корманди идеологӣ, коммунист…

-Бале, ман коммунист ва корманди идеологӣ будам, аммо мо аз мусалмонӣ, аз анъанаҳои миллӣ даст накашидем.

-Аммо талаботи аввали коммунист будан, ин  атеист будан буд.

-Бале, аммо падару модарамро бо расму русуми мусалмонӣ гӯр кардем. Зиндагиамон дар асоси анъанаҳои миллӣ,  ки аз динӣ сарчашма мегирад, буд. Аммо ман тарафдори онам, ки дин ба мардум дуруст фаҳмонида шавад. Ман дар баромадҳоям мегӯям, ки зиёдаравӣ накунед, дар замони шӯравӣ масҷид 15 — то буд, ҳоло шумораи масҷидҳо  аз мактабҳо  зиёд аст . Ин китобҳои Қуръонро, ки мебинед, яктояшро  худи Ҷаноби Олӣ тӯҳфа карданд ва аз дасти он кас гирифтам.

-Дастоварди асосии шумо дар зиндагиатон чист?

-Хушбахтам, ки ин қадар сол ҳалол зистам…

ӣ  чизро дар зиндагӣ аз даст додед?

-Тавре дар шеъри Лоиқ омадааст: “Ҷавонӣ рафт…”  Баъдан, таассуф мехӯрам, ки ба қадри лозим ба падару модарам хидмат карда натавонистам.

-Шумо гиря мекунед?

-Фақат вақти аз даст додани наздиконам гиристаам. Гиряи бекора не. Ман бисрёр пуртоқат ҳастам. Вагарна, он қадар чизҳое, ки чоп мешавад, хонда, шунида ба ин синну сол намерасидам… Онҳое, ки менависанд, тамоман маро намешиносанд.

-Яъне, дар зиндагӣ аз чизе пушаймон нестед?

-Не, виҷдонам пок аст, пора нигирифам, ҳаром нахӯрдам, ҳаром нагаштам, бароҳат хоб меравам ва як пора нони мехӯрдаам ба баданам ош мешавад.

-Саломат бошед. Бори дигар мавлудатонро муборакбод мегӯям.

Мусоҳиб Одили Нозир

«Тоҷикистон»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *