Гулҷаҳон чаро қасди худкушӣ кард?

Ҷавонзани 23-сола ва модари ду фарзанди хурдсол дар толори арӯсии “Жасмин”-и шаҳри Душанбе қасди худкушӣ кардааст.

Ҷавонзани 23-сола ва модари ду фарзанди хурдсол дар толори арӯсии “Жасмин”-и шаҳри Душанбе қасди худкушӣ кардааст.

Шоҳидони ҳодиса ба Tajikistan times гуфтанд, ин ҳодиса соати 14-и рӯзи 23 апрел рух дода ва Гулҷаҳон баякбор 36 адад ҳаби “димедрол”-ро фурӯ бурдааст.

Гулҷаҳон, ки миёни дӯстонаш бо номи Рӯъё маъруф аст,  дар толори арӯсии «Жасмин» ба ҳайси раҳбар кор мекард ва бо сабаби мушкилоти молӣ натавонистааст қарзи Бонки “Эсхата” ва пули манзили иҷораашро пардохт кунад.

Гулҷаҳон чор моҳ қабл аз шавҳараш ҷудо шуда, барои иҷора гирифтани толори арӯсӣ аз бонк ба миқдори 14 ҳазор сомонӣ қарз гирифта буд.

Ӯ мехост бо ин васила тиҷораташро пеш барад, вале ба иллати хеле кам будани мизоҷон кораш касод шуд. Дар моҳи ҷорӣ натавонистааст маблағе пайдо карда, пули бонкро сари вақт супорад.

Як тан аз наздиконаш, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, гуфт, ин вазъияти ногувор ӯро водор кардааст, ки дар толори арӯсии худ ба ҷони ҷавонаш қасд намояд.

Ин шахс гуфт, ки падару модари Гулҷаҳон баъди аз шавҳар ҷудо шудани духтарашон аз ӯ рӯ гардонида ва ба сарнавишти фарзанди худ бетафовут шудаанд.

Мушкилоти молӣ ва азоби равонӣ Гулҷаҳонро ноумед сохта, водор ба худкушӣ кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *