Гулбаҳор Шокирова: Мусиқӣ бароям ишқи Худовандист
Гулбаҳор Шокирова ба маънои том ҳунарманд аст. Таҳсили касбӣ дорад, аз уҳдаи навохтани даҳҳо асбоби мусиқӣ мебарояд ва дар жанрҳои гуногун суруд хонда, дар ансамблҳои зиёд фаъолият кардааст. Соли 2000 пас аз хатми синфи 9-и мактаби миёнаи рақами 1 ба номи А.М.Горкий ва шӯъбаи созҳои халқӣ (сози рубоб)-и мактаби санъати бачагонаи шаҳри Истаравшан ба Омӯзишгоҳи давлатии санъати ба номи Содирхон Ҳофиз ба шӯъбаи фортепиано ва скрипка (сози скрипка) дохил шудааст. Давоми таҳсил дар омӯзишгоҳ, бо роҳнамоии модараш дар шӯъбаи санъати Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ҳамчун шунаванда дар дасрҳои Ҷӯрабек Муродов ва шодравон Боймуҳаммад Ниёзов иштирок карда, оҳиста-оҳиста ба шашмақом дил бастааст.
Пас аз хатми омӯзишгоҳ фаъолияташро дар мактаби санъати шаҳри Истаравшан ҳамчун омӯзгори скрипка ва дутор оғоз карда, илова бар ин, бо ансамбли Шашмақомсароёни шаҳри Истаравшан ҳамчун навозандаи дутор ҳамкорӣ мекард.
Соли 2006 дар Озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб-2006» бо суруди «Насри баёт» дар номинатсияи суруди классикӣ баромад карда, ба гирифтани даҳ хол муяссар гаштааст. Маҳз иштирок дар «Андалеб-2006” сабаб шуд, ки барои идомаи таҳсил ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон роҳхат биёбад.
Соли 2010 бо шарофати ғамхорӣ ва сарпарастии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ансамбли «Нури Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ба ансамбли «Дарё»-и назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт. Дар ансамбли «Дарё» шаш сол фаъолият карда, ба ансамбли давлатии “Шашмақом”-и ба номи Фазлиддин Шаҳобов интиқол ёфт. Инак, 8 сол мешавад, ки бонуи ҳунар дар ансамбли мазкур фаъолият дорад ва суҳбати мо низ аз шашмақом оғоз шуд.
— Шумо санаи 12-уми май, ки дар кишварамон ҳамчун Рӯзи Шашмақом таҷлил мегардад, таваллуд шудаед. Феълан дар ансамбли давлатии «Шашмақом» фаъолият доред. Ин тасодуф аст ё ҳикмате дорад ?
— Аз нақли модарам мувофиқи ҳисобу китоб ва таърихи ба қайдгирии духтурон, бояд рӯзи 9-уми май ба дунё меомадаам. Модарам хеле хурсанд будааст, ки фарзанди нахустинаш дар Рӯзи Ғалаба таваллуд мешавад, аммо чун он рӯз ба дунё наомадаам, хавотир шудаанд. Воқеан, дар Рӯзи Шашмақом таваллуд шудани ман ҳикмате дорад.
— Дар як рӯз ҳам зодрӯзро ҷашн гирифтану ҳам ба хотири Рӯзи Шашмақом суруд хондан барои шумо чӣ гуна таасурот мебахшад?
— Ифтихор мекунам, ки маҳз дар ҳамин рӯз ба дунё омадаам. Барои оилаи мо санаи 12-уми май рӯзи ид аст, суруд хондан низ дар ин рӯз бароям лаззати дигар дорад. Ҳар қадаре ҳофиз хурсанд бошад, ҳамон андоза роҳи нафасаш озодтар, ба печу хам гирифтор нашуда, садояш боз ҳам шевову ширинтар мегардад. Хеле шод мешавам, ки барои ибрози андешаҳоям муҳити мувофиқ меёбам, маънои зиндагии худ ва мардумро ба гӯши шунавандагон мерасонам.
— Шумо хеле барвақт ба дунёи мусиқӣ ворид шудед. Чаро чунин тасмим гирифтед?
— Ба дунёи мусиқӣ бо садои аллаҳои модарам, таҳти навои рубоб ва гиторнавозиҳои волидонам, бо барномаҳои мусиқии Телевизиони Тоҷикистон, ки субҳи барвақт модарам гӯшаки оинаи нилгунро баланд карда мемонд, бо садои радиоприёмникҳо, магнитофонҳо, граммпластинкаҳо, ки дар онҳо Одина Ҳошимов, Нигина Рауфова месароиданд, бо сурудаҳои Абдулло Назриев, Муродбек Насриддинов, Бобомурод Ҳамдамов, Шералӣ Ҷӯраев, Давлатманд Холов, Саидқул Билолов ва дигарон, ки падару модарам гӯш мекарданд, ворид гаштаам.
— Назари аҳли оилаатон ба ҳунарманд шудани шумо чӣ гуна буд?
— Барои ҳунарманди касбӣ гаштани ман модарам Бону Шокирова, ки худ мутахассиси соҳаи китобдорӣ, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик, омӯзгори сози мусиқии дутор буда, эҷодкори асарҳои бадеӣ ва хеле шахсияти соҳибдилу бомаърифат аст, сабаб гаштааст. Рубобнавозии ман ба падарам хеле писанд буд, аммо ӯ ҳунарманд шудани маро намехост, зеро бештар аз ояндаи ҳаёти шахсии ман фикр мекард. Новобаста аз ин, падарам дар лаҳзаҳои душвори фаъолиятам ёрӣ мерасонд. Пайвандони волидонам ҳама соҳибистеъдод бошанд ҳам, барои санъаткор шудани ман зид буданд. Маро падару модарам, устодонам, кишвари азизам, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ғамхору мададгор шуданд, то ин ки ҳунарманди касбӣ гардам.
— Шумо ба маънои том ҳунармандед. Дар ансамблҳои фолклорӣ- этнографии «Фалак»-и вилояти Суғд, «Садои Суғд», «Дарё» фаъолият карда, ҳоло дар «Шашмақом» кор мекунед. Чӣ гуна ин равияҳои санъатро омӯхтед? Душвор набуд?
— Дар жанрҳои гуногуни санъат аз қабили хондани сурудҳои халқӣ, жанри фалак, жанри эстрада, жанри шашмақом ва навохтан дар созҳои гуногун албатта ба худ душвориҳоро дорад, зеро онҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Барои хубтар омӯхтан фурсатро самаранок бояд истифода бурд ва дарки шунавоии хуб дошт. Ҳамчунин сабру таҳаммули гӯш карда тавонистани овозҳои мусиқӣ беҳтарин бурди ҳунарманд аст.
— Навохтани асбобҳои дутор, думбра, рубоби қошғарӣ, танбӯр, рубоби бадахшӣ, таблак, доира, чанг, скрипка ва рубобро чӣ гуна ва дар чанд муддат омӯхтед?
— Навохтани ҳар сози мусиқӣ хусусияти хос дорад. То техникаи навозиши онро надонед, хуб навохта наметавонед. Ман аввал навохтани сози рубобро омӯхтам. Навохтанро аз омӯзгорони касбӣ омӯхтан осонтар аст, зеро онҳо рози ҳар гуна созро медонанд. Агар ман дар тӯли се сол рубобнавози чирадаст шуда бошам, тӯли чаҳор сол скрипканавозиро омӯхтам. Скрипканавозӣ нисбати рубобнавозӣ душвор аст, зеро дар скрипка пардаҳо муайян нестанд. Бояд бо дарки шунавоии баланд он пардаҳоро дарёфт. Маҳз скрипканавозиам боис гашт, ки омӯхтани дигар созҳои мусиқӣ бароям осонтар гардид. Дар умум, омӯхтани навохтани асбобҳо ба маҳорат, малака, истеъдод, дарки шунавоӣ, заҳматкашӣ, ҷуръат ва таҳаммул вобаста аст.
— Асосан матни сурудҳои шумо ба қалами бузургони форсу тоҷик Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳилолӣ, Бедил ва ғайраҳо тааллуқ доранд. Чӣ гуна онҳоро интихоб мекунед ва аз шоирони муосир бо киҳо ҳамкорӣ доред?
— Сурудхонии ман маҳз бо ашъори бузурги Мирзо Абдулқодири Бедил оғоз шудааст. Модарам Бедилхонӣ мекард. Мисраъ ба мисраъ ғазалҳои Бедилро қироат мекард ва ман бо додарчаам Суҳробҷон онро такрор мекардем. Ин кор маҷбурӣ набуд, балки шавқи хеле зиёд доштам. Ин тарзи зиндагӣ ва таълими модар маро бо эҷодиёти шоирони классик ошно намудааст. Ҳамчунин, шомил шудан ба ансамблҳои Шашмақомсароёни шаҳри Хуҷанд, Истаравшан, Душанбе сабаб гаштаанд, ки ман аз осори классикон бештар оҳангҳо эҷод кардаву бисароям. Ғазалҳоро гоҳе худам, гоҳе бо маслиҳати модарам интихоб менамоям. Бо шоирони муосир бошад, дар аввал ҳамкориро бо устодон Фарзона ва Озарахш оғоз кардам. Сипас, аз ашъори устодон Гулрухсор, Рустами Ваҳҳоб, Хайрандеш, Бону Шокирова, Махфират Юсуфӣ, Мулло Қурбони Шайдо, Муҳаррам Сорбонзода, Шаҳрия, Меҳринисо, Норинисо, Кароматулло Олимзода, Раҳмон Авезӣ ва дигарон сароидаам.
— Мусиқӣ барои шумо чист?
— Мусиқӣ барои ман ишқ аст. Ишқе, ки Худованд андаруни рӯҳу ҷони ман ворид кардааст. Ман бо ин ишқи поку беолоиш дунёро мебинам, бо одамон дар тамос мешавам ва дар ниҳоди инсоният бо ин ишқ ва мусиқии рӯҳпарвар некӣ ва некӯкориро тарбият менамоям. Мусиқӣ барои ман аллаҳои модар аст, мусиқӣ барои ман оҳанги коинот аст ва муъҷизаи бемисл аст, ки онро на ҳар кас дарк карда метавонад. Мусиқӣ барои ман ишқи Худовандист.
— Оё боре шудааст, ки фикри тарки пешаатонро карда бошед?
— Боре не, балки якчанд маротиба фикр кардаам, ки тарки сарояндагӣ кунам, аммо ҳамон лаҳза аз ин фикри худ пушаймон шудаам, зеро аз ҳунар ва истеъдоде, ки Худованд ато кардааст, набояд ношукрӣ кард. Фикр мекунам, ки тарки овозхонӣ, мутрибӣ кардани ман, ин хиёнат ба Ватан аст. Ва Ватане, ки барои ман нон дод, ройгон хононд, касбу ҳунар дод, бо ҷои кору манзили зист таъмин намуд, лоиқи носипосӣ нест. Ман бояд, ки хоки поки ин Ватанро ба чашмонам тӯтиё бикунам.
— Бархе ҳаваскорон бо мусиқиву матни коста суруд мехонанд. Назари шумо ба фаъолияти эшон чӣ гуна аст?
— Ман набояд ба онҳо бо назари бад нигоҳ кунам, зеро онҳо ҳаваскорони навраҳанд. Онҳо муҳаббат ба касби санъаткорӣ доранд, аммо волидайн, омӯзгорони мактабҳои миёна ба шавқу ҳаваси онҳо аз паси панҷа нигаристаанд. Дар аксари мактабҳои миёна ба омӯзиши ҷиддии дарси суруд ва мусиқӣ эътибор намедиҳанд, то кӯдакон маълумоти ибтидоии мусиқиро ҷиддӣ омӯхта тавонанд. Агар ҳаваскорон бо мусиқиву матни коста суруд бихонанд, ин аз беаҳамиятии падару модарон, омӯзгорон аст. Тарбияи санъаткори асил кори саҳлу осон нест. Бояд тамоми фанҳои гуманитариву дақиқ дар мактабҳо ҷиддӣ омӯзонида шавад.
— Чӣ чиз шуморо хурсанд мекунад ?
— Хурсандии одамони рӯи дунё хурсандии ман аст.
— Ғамгин шавед, чӣ кор мекунед ?
— Филмҳои бадеӣ ва ё таърихӣ тамошо мекунам, зеро филмҳо фикри маро бо худ гирифта, боиси фаромӯш кардани ғам мешаванд. Ҳамчунин, хӯрокҳои лазиз мепазам ё ба куртадузӣ машғул мешавам.
— Аз зиндагӣ шикоят доред?
— Зиндагӣ хеле зебост. Агар кас ба қадри ин зебоӣ бирасад, ҳеҷ шикояте пеш намеояд. Ман ҳамеша кӯшиш мекунам то ягон шикояте надошта бошам.
— Аз он, ки солҳои зиёдро ба сарояндагӣ бахшидед, пӯшаймон нестед?
— Ҳеҷ гоҳ, пӯшаймон нестам, зеро аз ҳама чиз розиам ва худро бо санъатам хушбахт ҳис мекунам.
Меҳрубон
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ