Гулчеҳра ҚОҲИРОВА, астрофизик, узви вобастаи АМИТ
Зиндагинома. Қоҳирова Гулчеҳра Исроиловна 6-уми декабри соли 1962 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1980 мактаби миёнаи №43-и шаҳри Душанберо хатм карда, худи ҳамон сол ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултаи физика дохил шудааст.
Фаъолияти корӣ. Соли 1985 пас аз хатми Донишгоҳ ба Институти астрофизикаи АИ ҶТ ба ҳайси лаборанти калон ба кор қабул кардаанд. Соли 1989-1991 дар аспирантураи Институти астрофизикаи АИ ҶТ, бахши шуъбаи рўзона таҳсил кардааст. Солҳои 1997-2006 дар вазифаи котиби илмии Институти астрофизикаи АИ ҶТ, солҳои 2006-2014 дар вазифаи муовини директор оид ба корҳои илмии Институти астрофизикаи АИ ҶТ ва аз соли 2014 то имрўз дар вазифаи директори Институти астрофизикаи АИ ҶТ қарор дорад. Аз моҳи феврали соли 2021 ба вазифаи и.в. ноиби Президенти АМИТ таъин шудааст.
Фаъолияти илмӣ. Қоҳирова Г. И. муҳаққиқи ҷирмҳои хурди Системаи Офтобӣ, хусусиятҳои физикӣ ва динамикии онҳо, пайдоиш ва робитаҳо дар байни онҳо мебошад. Барои омўзиши спектрҳои метеорҳо аз тарафи ў усули ғайриоддӣ коркард ва ворид карда шуд, ки дар асоси истифодаи он натиҷаҳои нав оид ба таркиби моддаи метеороидҳо ба даст оварда шудаанд. Таҳти роҳбарии Қоҳирова Г. И. шабакаи болидӣ дар Тоҷикистон ташкил карда шуд, ки якумин шабака дар Осиёи Миёна мебошад. Солҳои 2014-2016 бо дастгирӣ ва кумаки Ҳукумати ҶТ, Раёсати АМИТ таҳти роҳбарии Қоҳирова Г. И. Расадхонаи астрономии байналмилалии Санглохи Институти астрофизикаи АМИТ ва телескопи якметраи он барқарор ва модернизатсия шудаанд. Аз ҳамин вақт расадхонаи Санглох мавриди фаъолияти фаъол қарор дорад ва натиҷаҳои нав, ки бо ёрии телескопи якметраи Санглох ба даст оварда шудаанд, чоп шуда, ба олимони тамоми ҷаҳон дастрас гардидаанд.
Дастовардҳои илмӣ: Муаллифи панҷ китоби илмӣ ва зиёда аз 150 мақолаҳои илмӣ ва 200 фишурдаи баромадҳо мебошад. Инчунин, зиёда аз 100 мақолаи илмӣ-оммавии Қоҳирова Г. И. дар ВАУ-и кишвар нашр шудаанд. Дар зиёда аз 70 конференсияҳои илмӣ, ки аксарияташ дар хориҷи кишвар баргузор гардидааст, иштирок намуда, натиҷаҳои илмии ба даст овардашуда дар маърўзаҳо пешниҳод намуд. Таҳти роҳбарии Қоҳирова Г. И. се рисолаи номзадӣ омода шудаанд, ки дутояш дар ШД КОА-и Россия дифоъ гардидаанд.Қадршиносӣ. Ифтихорномаҳои Академияи милии илмҳои Тоҷикистон. Моҳи июли соли 2014 тибқи қарори Иттиҳоди Байналмилалии Астрономӣ як сайёраи хурд (ё астероид) №24533 ба муносибати д.и.ф.м. Қоҳирова Г. И. барои саҳми арзандаи муҳим гузоштан дар тадқиқотҳои ҷисмҳои хурди Системаи Офтобӣ бо номи “Kokhirova” номгузорӣ карда шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ