Гулчеҳра Муҳаммадиева

Гулчеҳра Муҳаммадиева: Кӯдаконро ба китобхонӣ шавқманд бояд кард

Меҳмони навбатии гўшаи «Маслиҳати хушдоман»-и ҳафтаномаи “Оила”, нависандаи шинохтаи тоҷик Гулчеҳра Муҳаммадиева дар мавзӯи “Модарони ҷавон ва тарбияи фарзанд” нуқтаи назарашро баён кард.

— Дар ҳама давру замон падарон ризқрасон ва модарон тарбиятгари фарзандон ҳастанд. Ин маънои онро надорад, ки падар дар тарбияи фарзанд иштирок намекунад, албатта агар оиларо ба давлати кўчаке ташбеҳ диҳем, он ҷо ҳам сиёсати падар муҳим асту ҳам тарбияи модар.

Аммо аз касе пўшида нест, ки модар бисёртар бо фарзанд вақти хешро мегузаронад. Аввалин даричаи ҷаҳонбинии кўдак афсона аст, модарони мо инро дарк мекарданду ба мо афсона мегуфтанд. Ёд дорам даврони кўдакию афсонаҳои ширини модарамро, ки аксаран муборизаи некӣ ба бадӣ буду оқибат некӣ ғолиб меомад. Мо фарқи баду нек ва сиёҳу сафедро маҳз аз афсонаҳои модаркалону модарони қиссагўямон шунидаем. Ман модарони ҷавонро танқид карданӣ нестам, аммо аксари кўдакони имрўз аз модарони хеш афсона нашунидаанд. Бонувони мо гумон мекунанд, ки тамошои филми тасвирӣ метавонад ба фарзандони онҳо ғизои маънавӣ бахшад, аммо ин тавр нест. Агар модарони ҷавони мо афсона нақл карда наметавонанд, бигузор онро аз китобҳо барои кўдаконашон хонанд. Вақте фарзандон мактабхон шаванд, барояшон китобҳои бачагона харида, онҳоро ба китобхонӣ шавқманд созанд. Ба ҳамин восита дар замири кўдак донаҳои маърифатро мекорему ў чун як шахси соҳибфарҳанг ба воя мерасад.

Аввалин суруде, ки кўдак мешунавад, ин аллаи модар аст, роҳи ў ба ин дунёи пуртаззод низ аз афсонаҳои модар оғоз мегирад. Модари зирак аз овони бачагӣ мефаҳмад, ки кўдаки ў ба кадом касб майл дорад ва дар ҳамон росто ўро раҳнамоӣ месозад. Ман дар саҳифаи фейсбукии худ гўшае дорам бо номи «Ёрӣ ба модарони ҷавон» ва он ҷо асарҳои кўдаконаи хешро мегузорам, то модарони ҷавон аз он истифода кунанд, паёмакҳои миннатдории зиёде мегирам. Ҳар як кўдак шуғли дўстдошта дорад ва падару модар бояд кўшиш кунанду шароит фароҳам оранд, ки фарзандашон машғули кори дўстдоштааш бошад.

Дар мавзўи тарбияи кўдак сухан зиёд аст ва мо фақат як паҳлуи онро шарҳ додем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *