ГУЛЧИНЕ АЗ АСАРИ АСР

НАЗАРИЯИ МУТАФАККИРОНИ ПЕШАЗМЕЛОДӣ ВА ФАЙЛАСУФОНУ КЛАССИКҲОИ ҚАДИМАВУ МУОСИР, НИСБАТИ ДАВЛАТУ ДАВЛАТДОРӣ

(Идомаи мақола)

Салоҳи ҳар як мулку мамлакат бошад, аз бомаърифативу худогоҳии мардумони ҳамон мулку мамлакат вобастагӣ дорад.                            Дар ахбори шоҳнома омадааст, ки малики Ҳинд бозии шатранҷро бо расулонаш ба Нушинравон мефиристад ва шарт мегузорад, ки агар тарзи бозидани ин бозиро наёбед, аз ин пас аз Ҳинд хироҷ наситонед.                           Аз ин маълум мегардад, ки дар солҳои 550-уми  мелодӣ, мамлакати Ҳинд низ ба Порс, хироҷ медодааст.                                                                                      Бузургмеҳри ҳаким, ки зодаи Марв буд, дар андак мӯҳлат тарзу усули бозии шатранҷро меёбад. Шоҳ Кисро-Хусрави-1 аз ин бозии аҷоибу ғароиб, «моту мабҳут» мегардад ва ин тарзи бозӣ, дар ҷаҳон ҳамчун «Шоҳ-мот» машҳур мегардад. Миллатҳои ғайритоҷӣ калимаи Шоҳмотро тутивор талаффуз мекунанд, вале маънояшро дарк намекунан.

      Бигзарем

Ҳар як Президент дар муддати маҳдуде, ки бо довталабиҳову  зиддиятҳои тарафайн сари қудрат меояд, гурӯҳ, даста ва ё ба истилоҳ, командаи худро дорад ва дар тӯли 4 ва ё 8 соли кориаш кинаи тарафҳои мухолифро фаромӯш карда наметавонад, ки ин ба пешравии давлату ҷамъият, таъсири бад мерасонад. Таърихи муосир гувоҳ аст, ки президентҳое, ки дар тамоми мамолики рӯи олам  ба муддати маҳдуд роҳбари давлат интихоб гардидаанд, аз фурсат истифода бурда, ба корҳои коррупсионӣ  (фасодкорӣ) даст мезананд ва мавриди муҳокимаи суду прокуратураи ҳамон давлат қарор мегиранд, амсоли Куриёи ҷанубиву Амрикову Бразилиё ва бисёр дигар давлатҳо, ки ин амал барои пешравии ҳар як мулку мамлакат таъсири мусибатомез мерасонад. Вале «Шоҳ» дар мулки ватан, ҳамчун «Ҷон» дар мулки бадан аст. Ҳеҷ як «Ҷон» ба бадани худ, ба ҷуз аз амалҳои хайру савобро раво намебинад.                                             Ба қавли хирадмандону олимон ҳар як «Шоҳ» дар мулки худаш ҳамчун сояи Худованд аст, ки беҳтарин сифоти Худованд, «бахшандаи меҳрубон» буда, аз олами ҷисмонӣ нест, аз олами рӯҳониву ҷонӣ аст. Чуноне, ки мегӯянд, «Ҳукми Под-Шоҳон, фарз ва суннат набуда, балки воҷиб аст». Дар байёни ин маънӣ Мавлонои Балхӣ гуфтааст

Онон, ки талабгори Худоед, худ оед,

Берун зи шумо нест, Шумоед Шумоед.

Ва ё шоире дар ҷои дигар гуфтааст:

Ман ки дар сурати хубон, ҳама «ӯ» мебинам,

Ту мапиндор, ки ман рӯи накӯ мебинам.

Ҳар куҷо менигарам, дида бар «ӯ» менигарад,

Ҳар киро мебинам, боз Варо мебинам. 

Ва ё ривояте ҳаст, ки Луқмони Ҳаким ба писараш васият намудааст, ки: Фарзанди азиз! Нахуст гуноҳ накун ва агар гуноҳе кардан хоҳӣ, дар  ҷое гуноҳ кун, ки дар он ҷо «Худо» набошад. Яъне дар ҳар куҷое, ки ҷону хирад мавҷуд аст, Худои рӯҳу равонӯ ҷон ҳам дар он ҷой вуҷуд дорад.

Барои дарки ин маънӣ балки аз шахсони худогоҳу худшинос суол кунӣ, ки «Ҷон»-ат дар куҷост? Дар ҷавобаш мулзам мемонанд. Агар суол кунӣ, ки «Худо» дар куҷост? Аз ҷавоби ин суол ҳам, оҷиз мемонанд, зеро «Худо» ва «Ҷон» ҳарду як мафҳум буда, зери илм нестанд.

Ҳамаи ашъёи дигар, аз олами ҳастиву шаҳодат буда, зери илманд. Онҳоро ҳаст ва ё нест гуфта метавонем, вале «Худо» ва «Ҷон» зери илм буда наметавонанд. Ин ҳарду як мафҳум буда, аз олами «малакутианд», Дар баёни ин маънӣ Мавлонои Балхӣ мефармояд:

Эй тири ғаматро дили ушшоқ нишона,

Ҷамъе ба Ту машғӯлу Ту ғоиб зи миёна.

Гаҳ муртакифи дайраму, гаҳ сокини масҷид,

Яъне ки Туро металабам хона ба хона.

Ӯ хона ҳамеҷӯяду, ман соҳиби хона.

Мақсуди ман аз каъбаву будхонаи Туи, Ту,

Мақсуд Туи, каъбаву бутхона баҳона.

Яъне ҳама ҷо акси рухи Ёр тавон дид,

Девона наям ман, ки равам хона ба хона,

Ӯ хона хамеҷӯяду, ман соҳиби хона.    

Ва  ё Саъдии нозукбаён гуфтааст:              

Расад одами ба ҷое, ки ба ҷуз Худо набинад,      

Бинигар, ки то чи ҳадд аст, макони одамият.

Таярони мурғ диди  ту зи пойбани шаҳват,

Ба дар ой то бубини таярони одамият.   

Ба насиҳат одамӣ шав, на бахештан, ки Саъдӣ,   

 Ҳам аз одамӣ шунидаст, баёни одамият.

Шоҳномаи Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ низ бо чунин мисраъҳо оғоз меёбад,чунон чи:

Ба номи Худованди Ҷону хирад,

К-аз ин бартар андеша, бар нагзарад.

Хирад чашми ҷон аст, чун бингарӣ,

Ту бе чашми шодон ҷаҳон напарӣ

Қиссаи пурмоҷарои Лайли ва Маҷнуни Бадриддин Ҳилоли низ, бо чунин мисраъҳо оғоз мегардад:                        Эй номи Ту беҳтарин сароғоз,     

Бе номи Ту нома кай кунам боз.

Ман нома ба номи кас накардам,

Инъоми касе ҳавас накардам.

ва ё шоире гуфтааст:

Эй толиби ин масъалаи роҳнамо,

Медон ба яқин, ки «Ло макон» аст Худо.

Хоҳӣ,  ки туро кашф шавад ин маъно,   

«Ҷон» дар баданат бигӯ, куҷо дорад ҷо?

Дар мавриди «Шоҳ» эълон намудани Ҷаноби Олӣ ва шоҳигарӣ эълон намудани мамлакатамон, таваҷуҳи фарҳангиёни рӯи олам, ва таваҷҷуҳи зиёда аз 300 миллион тоҷиёни худшиносу худогоҳи бурунмарзӣ, ба ин давлати куҳанфарҳанги тозабунёдамон, даҳчанд меафзояд ва дар ҳар сарзамине, ки бошанд, рӯҳбаланд гашта, ифтихор аз Хуросони бостониву Шоҳигарии Тоҷиён мекунанд.

Дар мавриди «Шоҳ» эълон намудани Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Имом Алии Раҳмон ғайри ихтиёр «Подшоҳ»-и кулли Тоҷиёни рӯи олам мегардад, ки ин боиси ифтихори мардумони дохили кишварамон ва Тоҷиёни рӯи олам мебошад.  Дар кураи замин ягона миллате мебошем, ки бо амри сарнавишт «Тоҷи»  ном гирифтаем, ки рамзи Тоҷ, дар Парчами милливу Нишони милливу Асъори миллии Давлатамон тасвир гардидааст.  Тоҷиро, мебояд Тоҷ дошта бошад ва лоиқу сазовори «Тоҷ», фақат «Подшоҳонанд», чуноне, ки шоир гуфтааст:

Қабои Хусрави бар тан, наояд ҳар касеро хуш,      

 Сари ҳар носазоеро назебад Тоҷи султонӣ. 

Салоҳи мулк агар хоҳӣ биомӯз эй  Шаҳи олам,     

Тариқи подшоҳиро зи Исмоили Сомони.

Ҳокимиятро ба Демон – яъне «халқ» ҳавола намудан аз  рӯи ақлу хирад нест. Бузургони олам одамонро халқи ба «Шарр» номидаанд, кошки ба «Хайр» мебуданд. Бозингарони саҳнаи сиёсат ҳама гуна ниятҳои нопоки худро бо демократи эълон намудани кишварҳои дигар амали месозанд.  Сиёсатмадорони Аврупоӣ тавонистанд, ки давлатҳои Либиёву Суриёву Ироқу Яманро «демократӣ» эълон намоянду одамонро ба гурӯҳҳои мухталиф, «партия-фирқа»-ҳо ҷудо намуда, миёни онҳо фитнаву шӯр андозанд ва ин давлатҳоро ба нобуди оварда расонанд. Дар ҳоле, ки ин кишварҳои номбаршуда аз қадими дуродӯр ҳамчун давлатҳои Шоҳигарӣ амал менамуданд, хоса Ироқу Суриёву Либиёву Яман. Аз рӯи ривоятҳои достонҳои қадима, мадфани аввалин фарзанди Одамӣ, Ҳобил дар Сурия мебошад, ки зиёратгоҳи тамоми аҳли башар гардидааст. Дар тӯли зиёда аз 1400 сол Хилофату Халифаи Исломӣ аз Ироқ ба кулли ҷаҳони Исломӣ фармонравои менамуд. Замоне, ки бозингарони саҳнаи сиёсат аз рӯи ғараз ин давлатро Демократӣ-дунявию, Саддам Ҳусейнро Президент эълон намуданд, душманони аҳримании беруна тавонистанд, ки барои канданиҳои фоиданок, хоса нафт мардумонро ба гуруҳҳои мухталиф ҷудо намоянду Подшоҳи собиқи «президентшуда»-и ин давлатро дар мулки худаш ба дор овезанд, ки ин бисёр аламовар аст. Аз ин мебарояд, ки дар мавриди қудрату тавоноӣ доштанаш Саддам Ҳусейн низ метавонист Барак Абамаро дар Арико ба дор овезад. Сабаби аслии ҳамаи ин провакатсияҳо дар он аст, ки сарвари Ироқ, Саддам Ҳусейн суду зиёни долари Амрикоиро ҳаллу фасл намуда «дирҳам»-у «динор»-и зарин (тилогин)-и давлати худашро баровард, ки ин ба иқтисодиёти гегемонияи Амрико ва қурби «доллар»-и ин давлат зарбаи сахт эҷод менамуд.

Баъди инқилоби «бачаи шубон» Муаммар Қаззофӣ ҳамчун Шоҳ 42 сол сарварии давлати Либиёро ба ӯҳда дошт. Солҳои пешин Либиё соле то 3-милион муҳоҷирони кориро аз Афғонистону Покистон, Индонезияву Ироқ ва дигар давлатҳо ҳамчун мусофирони меҳнатӣ ва ё ба истилоҳ «гост-арбайтер)-ҳоро дар кишвараш қабул менамуд. Ҳамасола зиёда аз як миллион нафар мардумони қитъаи Африкоӣ бо сармояи башардӯстонаи Либиё умр ба сар мебурд. Яъне кишваре, ки қаблан милионҳо сокинони дигар мамоликро бо ҷои кор таъмин менамуд, ҳоло бошад кафолати амнияти шаҳрвандони  дохили кишварашро дода наметавонад.    Либиёгиҳо шаҳрвандоне буданд, ки замоне дар кишварҳои аврупо ҳамчун меҳмони олиқадр ба шумор мерафтанд ва барои гузаронидани рухсатии меҳнатӣ ва ё моҳи асалин дар дилхоҳ давлатҳои аврупо меҳмон мешуданд. Баъд аз инқилоби «бачаи шубон» Муамар Қаззофӣ, дар тӯли 42-сол Либиёро ба яке аз кишварҳои бонуфӯзи ховари миёна табдил дод.       Бо фурӯши нафт ин давлат аз ҷиҳати неъматҳои моддӣ яке аз давлатҳои мутараққии рӯи олам ба шумор мерафт. Коршиносони ҷаҳонӣ бюҷетти дохилии ин давлатро бюҷети сотсиали-иҷтимоӣ меномиданд, чун ки дар Либиё таълиму тарбия ва хизматрасонии тиббиро ба кули ройгон намуда буданд. Хизматрасонии иҷтимоиро барои пиронсолон ва шахсони муваққатан бекор низ пешбини намуда буданд. Дар Либиё ба ҳар як тифли ба дунё омадаи ватанӣ суратҳисоби давлати кушода мешуд ва барои ояндаи он тифл маблағи муайяне дар бонкҳо ба гардиш оғоз менамуд. Ҷавононе, ки ба ҳайси мутахассис ба дилхоҳ корхона ба кор шуруъ менамуданд, нахуст бо манзили зист таъмин мегардиданд ва мӯҳлати пардохти маблағи он хонаҳо аз 15 то 20 сол бо нархи дастрас муқаррар гардида буд. Ҳатто мутахассисони Инглисиву Фронсавию Олмонӣ дар муассисаҳои гуногуни Либиё муздури менамуданд. Муаммар Қаззофӣ ва ё ба истилоҳ «бачаи шубон» ин мамлакатро ангуштнамои ҷаҳон гардонида буд. Ҳоло бошад бо тафриқаву дасисаҳои ҳамон давлатҳои абарқудрате, ки ин давлатро демокративу ҳокиму фармонравои «мутлақ»-и ин кишвар, Муаммар Қаззофиро президент эълон намуда, Либиёро ба хоку хун оғушта намуданд, иҷозаи вуруди мардумони ин кишварро ба қаламрави Аврупо манъ намудаанд. Бозингарони саҳнаи сиёсат тавонистанд, ки мардумони зудбовари як миллат, як забон, як фарҳанг доштаро бо ангезаҳои дуруғин, ба гурӯҳҳои мухталифи ҳизбӣ ва ё фирқавӣ ҷудо намоянду ба муқобили ҳамдигар ҷанг андозанд ва зиндагии орому осоиштаи мадумони ин мамлакатро талх намоянд. Дар ҳоле, ки одамон молу ашъё нестанд,ки ба фирқаҳои гуногун кисмат шаванд. Коршиносони асили ҷаҳонӣ, сабаби асосии аз байн бурдани сарвари мушфиқу ғамхори Либиёро дар он мебинанд, ки Муаммар Қаззофӣ «суду зиён»-и доллари Амрикоиро таҳлилу ташхис намуда, дар муомилоти кишвараш «пул» ва ё ба истилоҳ «асъор»-и заррини дохилии давлатиро баровард, ки ин муомилот ба гегемонияву иқтисодиёти Амрико маъқул наомад. Аз рӯи маърифати фавқулодаи инсонӣ Қаззофӣ ба нафтканони ватанаш мефармояд, то ки дар як мавзеъе, ки хор мерӯяд, кони нафт бикобанд. Олимони нафткан бо истифодаи технологияи муосир муайян менамоянд, ки дар он мавзеъ нафт мавҷуд буда наметавонад, вале Қаззофӣ дар гуфтаи худ устувор мемонад. Чун кон канда мешавад, аз чуқурии ниҳоят амиқ на ин ки нафт, балки об мебарояд. Сипас Қаззофӣ дасисаи сиёсатмадорони бурунмарзӣ, хоса аврупоро ба олимон мефаҳмонад, ки агар ман мегуфтам, ки скважи об биканед, сиёсатмадорони  аврупоӣ бо ҳазорон дасисаву баҳона садди роҳи кандану баровардани об мегардиданд. Онҳо бо ҳазорон усулҳои провакатсионӣ намегузоштанд, ки чоҳи об канда шавад. Чуноне, ки дар даврони Шуравӣ дар собиқ вилояти Кӯлоб сохтани заводи Аккомулятор пешбини гардида буду таҳкурсии заводро низ сохта буданд.                                      Дар даврони Иттиҳоди Шуравӣ дастаҷамона бо ёрии 14-и Республикаи бародар дар Тоҷикистон барномаи «Манзил 93» пешбинӣ шуда буд ва нақшаи 11 обамбори калони сунъиро низ дар қаламрави Тоҷикистон тарҳрези намуда буданд. Хоинони бурунмарзӣ бо истифода аз мардумони зудбовару зархариди ватанӣ бо дасисаҳои гуногун нагузоштанд, ки дар Қулоб заводи аккомулятору барномаи  «Манзил 93» амалӣ гардад. Абарқудратҳои аҳриманӣ нобуд сохтани Қаззофиро бо иштироки шаҳрвандони Либиёӣ пешакӣ тарҳрези намуда буданд. Балки Барак Абамаву ҳамсафонаш бо таҷҳизотҳои муосири замонавӣ лаҳзаи дар кӯча бо тариқи лату кӯб нобуд сохтани Қаззофиро аз қитъаи Амрико мустақиман тамошо менамуданд ва тарзи нобуд сохтани Қаззофиро ҳар лаҳза фармон низ медоданд.                                                                           Имрӯз ҳамон ҳамватанони нозпарварди Қаззофӣ, ки бо ваъдаву  дасисаҳои бебунёди сиёсатмадорони аҳримании аврупо бовар намуда, ба даст силоҳ гирифта, сарвару раҳбари мушфиқу ғамхори худро бо иштироки зархаридон-диверсантҳои Амрикои бо тариқи лату кӯб дар кӯча нобуд сохтанд, ҳоло бошад дар паси симхорҳои бошиштгоҳҳои Юнону Итолиё ранҷ мекашанд. Алъон на аврупо ва на амрико ба доди ин мардумон намерасанд. Дар нозукии баёни «халқи ба шарр», Хайёми Ҳаким гуфтааст.

Бо ҳукми Худо ба ҷуз ризо дар нагирифт,

Бо «халқ», ба ҷуз рӯю риё дар нагирифт.

Ҳар ҳилла, ки дар тасаввури ақл ояд

Кардем, валек бо қазо дар нагирифт.

Одамият аз рӯзи пайдоишаш ба раҳбару раҳнамову пайёмбару пешво (имом),  эҳтиёҷ дошт ва аз рӯи илми равоншиносӣ 72 % дар сади одамон саркашу мағруру тарроранд. Фақат 28% одамон бомаърифату худогоҳу худшиносанд.

Дар достонҳои Шоҳнома калимаи «таррор» борҳо такрор ба такрор омадааст ва маънои «шахси ба ҳеҷ кас итоат намекарда»-ро дорад.

72, – рақами аҷоиб аст.      Аз нуқтаи назари олимони ҷуғрофишинос 72 % дар сади кураи замин бо об пӯшонида шудааст ва тақрибан 72% фоизи бадани ҷонзоди зинда низ, аз «об» иборат аст. Аз фалсафаи Носири Хусрав бармеояд, ки фақат дар дини Ислом 73 мазҳабу равия вуҷуд дорад, ки яке аз ин мазҳабҳо дуруст буда, 72 –тои онҳо бар ғалатанд. Одамӣ 72 % фоиз ба ғизои маънавӣ эҳтиёҷ дорад ва фақат 28 % фоиз ба ғизои моддӣ эҳтиёҷ дорад. Дар кураи замин, аслан 72 миллат мавҷуд аст, чуноне, ки Хайёми Ҳаким гуфтааст:

Ҳафтоду ду милатанд дар дин каму беш,

Аз миллатҳо ишқи ту дорам дар пеш.

   (манзури шоир миллати Порс аст)  

«Ҷон» ҳам 72 % ба об эҳтиёҷ дорад. Аз баски « подшоҳону вазирону паёмбарон» барои «ҷон»-ҳои мардумони ҳамон мулку мамлакат ҳамчун «Об»-анд, барои ҳамин ҳам подшоҳону вазирону паёмбаронро «Ҷан-Об» мегӯянд.

Дар байёни ниҳонӣ будани қасду ҷаҳди одамони таррор, ки бо лафзи Арабӣ маънои «мунофиқ» гуфтанро дорад, Хайёми Ҳаким гуфтааст:

 

Некию бадӣ, ки дар ниҳоди башар аст,

Шодию ғаме, ки дар қазову қадар аст.

Бар чарх макун ҳавола к-андар раҳи ақл,

Чарх аз ту ҳазор бор бечоратар аст.

Манзур аз чарх гуфтани шоир, дунёи  гардон гуфтан аст.

 

(Идома дорад)

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *