“Гулдаста”-и Конибодом
Дар сафари хизматиам ба Конибодом бо фаъолияти бахши фарҳанги шаҳр шинос шудам. Дар бинои бахши фарҳанг Филармонияи шаҳр фаъолият дорад, ки дар тобеияти он чанд ансамблҳо арзи вуҷуд доранд. Яке аз онҳо ансамбли рақсии “Гулдаста” мебошад.
Дастаи ҳунарии мазкур дар назди Филармонияи халқии бахши фарҳанги шаҳр фаъолият менамояд. Мақсади асосӣ аз ташкили ансамбли мазкур — баланд бардоштани тарбияи эстетикии ҷавондухтарон, ҷалб намудани духтарони синни 17-25-сола, барои омӯхтани нозукиҳои санъати рақс мебошад. Устодон кӯшиш мекунанд, ки санъати рақси миллии тоҷикиро бо услуби хоси Конибодоми бостонӣ ба духтарон омӯзанд ва онро ташвиқу тарғиб намоянд.
Юлдошева Барно – хореограф, роҳбари бадеии ансамбли “Гулдаста” мегӯяд, ки барои дар сатҳи баланди касбии фарҳангӣ баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангии сатҳи гуногун таъсиси чунин ансамбл зарур буд.
-Ман шуъбаи хореографии Донишгоҳи ҳунарҳои зеборо хатм кардам. Устодони ман профессор Азиза Азимова ва Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Амон Мӯсоев буданд. Ман аслан зодаи Душанбе буда, ба ҳамин ҷо шавҳар карда омадам. Шавҳарам ҳам санъаткор — дойрачӣ буданд. Аввалан, соли 1990 дастаи рақсии “Ғунча”ро таъсис додем, ки 5 сол фаъолият кард. С. 1999 баъд аз рухсатиҳо барои фарзандон ба кор баргашта, ансамбли нав “Гулдаста”-ро ташкил кардем. Расман бошад, Ансамбли “Гулдаста” аз соли 2015 ба қайд гирифта шуд. Ҳоло мо дар ансамбл коргарони асосӣ кам дорем, ҳамагӣ 4 нафар. Аз сабаби он ки духтарон ба шавҳар мебароянд ва корро мепартоянд. Аз ин хотир, ҳоло бештар духтарони донишҷӯро ҷалб мекунем. Ҳоло дар умум дар ансамбли мо 36 духтар рақс мекунанд. Мутаассифона, урфу одатҳои мо барои истодани духтарон барои кори доимӣ ҳамчун раққоса мусоидат намекунанд. Аз ин хотир, духтарҳоро меомӯзонем, омода мекунем, аммо барои воҳиди корӣ, барои кори доимӣ онҳо намеистанд. Дар чорабиниҳои шаҳр, вилоят фаъолона иштирок мекунем.
Бо мақсади эҳё ва ривоҷу равнақи рақсҳои миллию маҳаллӣ, пурмазмуну пурмӯҳтаво баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангии умумишаҳрӣ ин дастаи ҳунарӣ муваффақ шуд. Барои дарёфти истеъдоҳои нав, ташкили истироҳату фароғати шаҳрвандон ва тараннуми ғоя ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол низ ансамбли “Гулдаста” дар Конибодом нақши хуб бозидааст.
Юнусалӣ Эргашев, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон дар мавриди ин ансамбл мегӯяд:
-Ансамбли рақсии “Гулдаста” солҳои зиёд, аст ки дар ҳамаи чорабиниҳои мақомоти иҷроия, бахшида ба санаҳои таърихӣ фаъолона иштирок мекунад. Ин ансамбл таҳти роҳбарии хореографи боистеъдод, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон Барнохон Юлдошева амал мекунад. Ин зани ҳунарманд доим дар ҷустуҷӯи эҷодӣ буда, духтарони соҳибистеъдодро ёфта, ба ансамбл ҷалб карда, баъди омӯзишу тамринҳои зиёд онҳоро ба саҳна мебарорад. Бо рақсҳои зебо ва дилнишини худ, фаъолона ширкат варзидани ин дастаи ҳунарӣ дар консертҳо, намоишҳо — баҳои баланди худро ҳам аз тарафи тамошобинон гирифтааст.
Дар ансамбли “Гулдаста” бисёр рақсҳои гуногун ба саҳна гузошта шуда, консертҳо, намоишҳо ва шабҳои эҷодӣ, барномаҳои ҳунарӣ, тарғиботӣ барои тамошобинон пешкаш шуда буданд. Ҳамаи ин дар бобати тарбияи завқи онҳо ва тарғиби навъҳои эҷодиёти халқ нақши мусбиро мебозад. Репертуари ансамбли рақсии “Гулдаста” 10 соли охир мунтазам бо асарҳое пурра гардонда шудааст, ки ба ниёзҳои эҷодию ҳунарӣ фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷавобгӯ аст. Санъат пеш аз ҳама тарбиятгари миллат мебошад. Дар Конибодом ансамбли рақсии “Гулдаста” низ дар ин нақш саҳмгузор аст.
Саида Рустамова,
мусиқишинос, мудири шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ