Гулдона Алиёрзода ба садама дучор шуд?

Субҳ аз ҳама пеш ба идора омада, хостам маводҳои газетаро зудтар навишта ба сармуҳаррир пешниҳод намоям. Нав компютерамро ба кор дароварда  будам, ки садои занги телефон баланд шуд. Боз ягон фалокат рӯй додагист гӯён, гӯширо бардоштам.

-Салом! Акаҷон, ин газетаи “Оила” аст?-Пурсид ҷавоне бо садои пурҳаяҷон.

-Бале, идораи ҳафтаномаи “Оила” аст. Шумо кистед ва чӣ мехостед?

-Ман Хусрав, хонандаи ҳамешагии газетаатон, шунидам, ки сарояндаи ҷавону умедбахш Гулдона Алиёрзода дар роҳи Душанбе-Турсунзода ба садама гирифтор шудааст. Ман мухлиси Гулдона ҳастам, садояшро дӯст медорам, сурудҳои шӯхашро шунида ҷонам роҳат мекунад. Хабари ба фалокат гирифтор шудани Гулдонаро шунида, ҳамин шаб то саҳар мижжа таҳ карда натавонистам. Тамоми шаб фикр кардам, ки сарояндаи дӯстдоштаам дар чӣ ҳол бошад. Мехоҳам Гулдонаро  хабаргирӣ равам. Шумо намедонед ӯ дар кадом беморхона аст?

-Бародар, хабари ба садама гирифтор шудани Гулдонаро ман акнун аз забони шумо шунидам. Каме сабр кунед, мо ҳамаашро аниқ намуда,  тариқи газета дар ин бора маълумот медиҳем.

      

Гӯширо гузошта рақамҳои Гулдонаро чидам, вале телефони мобилиаш хомӯш буд. Ба чандин дӯстонаш занг задам, то бифаҳмам, ки Гулдона дар кадом беморхона аст ва чӣ ҳол дорад, аммо касе ба додам нарасид.  Маҷбур шуда роҳи хонаи Гулдонаро пеш гирифтам. Дарро ба рӯям писарчаи хурдсоле кушода пурсид:

-Ба шумо кӣ даркор?

Ин хонаи Гулдона аст?

-Бале, хонаи Гулдона аст, вале то номатонро нагӯед,  иҷозат намедиҳам, ки дароед,-омирона гуфт писарак.

Ман Рустам, корманди ҳафтаномаи “Оила”. Ба модарат гӯй, ки шуморо аз газета мепурсанд?

-Лаҳзае пас Гулдонабону аз хонаи хоб берун шуд ва бо лабханди зебо “Рустамҷон, шуморо кадом шамолҳо ба ин тараф паронд?” гӯён, мурооти даромадан кард. Ин зебосанами ширинсадоро сиҳату саломат дида, оҳи сабук кашидам.

-Рустамҷон, ба шумо чӣ шуд? Барои чӣ оҳ мекашед?-Пурсид Гулдона.

Ҳамин рӯз аз каллаи саҳар як мухлисатон ба идора занг зада гуфт, ки Гулдона дар роҳи Душанбе-Турсунзода ба садама дучор шудааст.

-Эй аз даҳонатон шамол барад-е!

Ман ҳам ин хабаррро шунида талхакаф шудам ва ҳама кору борамро партофта ба ҷустуҷӯйи шумо баромадам, то фаҳмам, ки бо шумо чӣ ҳодиса рӯй додааст.

-Шукри Худо, ман сиҳату саломат ҳастам, шояд ягон сарояндаи дигар ба садама гирифтор шуда бошад…

Шодам, ки шуморо бо табъи болида ва чеҳрахандон мебинам, вале ростӣ аз як чиз ҳайронам. Нисфирӯзӣ шудаасту шумо то ҳол дар хонаатон бароҳат хобидаед. Барои чӣ ба кор нарафтед?

-Ман дар тарабхонаи “Малика”, ки дар шоҳроҳи Душанбе-Ҳисор воқеъ гаштааст, ба ҳайси сароянда фаъолият менамоям. Кори мо ҳамеша пас аз соати 5-и бегоҳ сар шуда, то як поси шаб идома меёбад, барои ҳамин рӯзона дар хонаам истироҳат мекунам, то каме куфти бедорхобӣ ва хастагиамро барорам.

Ба Хусрав ва дигар мухлисонатон, ки аз саломатии шумо хавотиранд, чӣ гуфтаниед?

-Ташвиш накашанд, ба ман чизе нашудааст. Гуфтагӣ барин, мошини нав харидам.

-Тамғааш чист?

-Прадо.

-Мошинро кай мешӯед?

-Ман духтари дилкушод ҳастам, хоҳед худи ҳозир мошинро мешӯем.  Марҳамат ба хона дароед. Дастурхони ман ҳамеша кушода аст.

-Дафъаи дигар ҳатман медароям, вале ҳозир ман бояд равам.

-Чаро ин қадар шитоб мекунед? Як пиёла чой нанӯшида аз погаҳи дари хонаи ман баргардед, аз шумо сахт хафа мешавам.

Наранҷед, ягон вақти дигар ҳатман меҳмон мешавем, вале ҳоло ман бояд зудтар ба идора рафта, ба мухлисонатон бирасонам, ки Гулдона ба садама гирифтор нашудааст ва аз пайи корҳои эҷодиаш аст.

-Ба мухлисонам бигӯед, ки суруди “Ало ёр” аллакай тайёр шудааст, метавонанд онро аз дӯконҳои фиттафурӯшӣ дастрас намоянд.

-Дар зиндагӣ ва корҳои эҷодиатон ба шумо комёбиҳои нав ба навро таманно дорем!

Суҳбаторо: Рустам

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *