Гулдона Алиёрзодаро ғорат карданд (аксҳо)

 Сарояндаи ҷавону умедбахш Гулдона Алиёрзода ба идораи сомонаи “Тajikistantimes.com” занг зада даъво намуд, ки имрӯз дар ҳолати ногувор қарор дорад ва мехоҳад он чизе, ки дар ҳайёташ рух додааст, ошкоро қисса намояд.

-Гулдонабону ором гап занед, ба Шумо чӣ ҳодиса рух дод?

-Ҳодисаҳои зиёд рух доданд, намедонам аз кадомаш сар кунам. Биёед аз дуздии дӯстдоштаам ҳарф занам?

-Марҳамат!

-Ман зане ҳастам, ки барои худ моли дунёро дареғ намедорам, ба куҷое меҳмон нашавам ба сару либосам аҳмият медиҳам. Шукрона мекунам, ки соҳиби мошин, хонаву дар ва зару зевари дунё ҳастам, вале дӯстонам ба ин боигариям чашм ало карда, маро ғорат карданд.

-Чи хел? Дар рӯзи равшан?

-Бале, дугонаи ҷониямро ба тарабхонае, ки кор мекунам бурдам, то нони даҳонашро ёбаду зиндагияшро пеш барад вале дӯстдоштаамро бо ман душман карду ӯро аз ман кашида гирифт. Сахт дилшикаста ҳастам.

-Гулдонабону ғамгин нашавед, зеро бахти дигар пайдо мешаваду Шуморо хушбахт мегардонад?

-Шояд пайдо шавад, вале баъди марги ман, зеро дилам сарди сард аст ва намехоҳам бо марди дурӯяву хиёнаткор шинос шуда, боқимондаи умрамро хазон гардонам.

-Шунидем, ки шуморо аз тарабхона пеш карданд. Сабаб дар чист?

-Чихеле, ки дар боло қайд кардам, дугонаи бадкору бадниятам маро бо одамони он тарабхона душман кард ва худам азм кардам, ки дигар поямро ба онҷой намегузорам. Чанд бор занг зада даъват карданд вале худам нарафтам.

-Шумо, ки санъаткоред ва ба хонашинӣ оддат накардаед, мушкил нест гӯшанишинӣ?

 -На! Баръакс ба кори дигар ба кор шурӯъ намудам ва мухлисонам метавонанд маро пас аз ин дар тарабхонаи “Сайёра, ки дар маҳалаи Советскӣ аст дарёфт намоянд. Бовар кунед, садҳо бор аз кори пешинаам дида ин тарабхона писандам аст, чунки роҳбарашон Моҳ ном доранд ва моҳбарин дили софу бекина доранду маро ҳамчун зан дар ҳама ҳолат дарк мекунанд. Хеле дӯсташон медорам ва мисли як шахсӣ наздикам эҳтиромашонро ба ҷо меорам.

-Гулдонабону боре андешаи иваз намудани хислат дар саратон чарх назад?

-Чарх зад, ба хулосае омадам, ки мардон маро чун пештара дилсӯзу соддаву зудбовар дида наметавонанд, чунки баду неки ҷаҳон, шикасту рехти ҳайётро чашидам. Аз ҳеҷиз наметарсам ва кӯшиш мекунам, ки қадри худро дар назди дӯсту душман бидонам.

-Чаро хонаатонро фурӯхтед, магар қарздор шудед?

-На, хонаи кушоду барҳавои нав аз маҳалаи 103 мкр харидам.

-Дар репертуари сурудҳоятон суруде доред бо номи “ Пушаймон нестам” –бо ин суруд чӣ гуфтан мехоҳед?

 Ман акнун хушу сармастам,
Дилам бо дигаре бастам
Туро аз даст додаму мастам.
Пушамон нестаму нестам,
Ту бирав эй номусулмон,
Надори заррае имон,
Фаҳмидам дурӯя ҳастӣ,
Бевафою пулпарастӣ

-Ин суруд ба онҳое, ки маро фиреб карда, тамоми боигариямро аз ман рабуданд ва боз нияти диламро ба даст оварданро доранд, бахшида шудааст.

-Албоми сурудҳоятон бо чӣ ном дастрасӣ мардум ҳастанд?

-Акнун дастрас мегарданд, бо номи “ Ту дар куҷоӣ”.

-Бо ин суруд ба суроғи кӣ мебароед?

-Ба суроғи он ёре, ки дар вуҷудаш хуни мардӣ ва лавзӣ ҳалол дошта бошад.

-Дубора ошиқе пайдо шаваду изҳори муҳаббат намояд, қабул мекунед?

-Ҳар як шахс мехоҳад соҳиби бахт бошад ва оилаи солим бунёд кунад вале дилам аз ҷинси мард сард аст ва намехоҳам дубора боз он рӯзҳои талху ранҷу хориҳоро такрор аз дигаре бинам.

-Гулдона бидуни суруду мусиқӣ дунёро чи гуна тасаввур мекунед?

-Мурдаи берун аз гӯр. Чунки ҳама ҳайёти хешро пурра ба санъат бахшидаам ва агар рӯзе садои мусиқӣ ба гӯшам нарасад мемирам.

-Дар зиндагӣ чи гуна зан ҳастед, одӣ ё мағруру ҳавобаланд?

-Касе зиндагии фақирона дидагӣ бошад ӯ маро мефаҳмад, чунки фақирӣ аз аввал маро дилсӯз ва сарпастиву одамгариро омӯзонд. Имрӯз бо пойи худ рост истодаам ва аз касе муҳтоҷу забонкутоҳ нестам. Ҳарчизе ба даст овардам, бо меҳнати ҳалоли худ дарёфтам. Касеро аз оилааш ҷудо карда, бадбахташ накардам. Ҳарчизе ба сарам омад, чашм пӯшидам вале пас аз ин дигар хомӯш намеистам.

Сӯҳбаторо Рустам

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *